Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазири умури хориҷии Узбакистон бо дипломати амрикоӣ


Бинои Вазорати умури хориҷии Узбакистон
Бинои Вазорати умури хориҷии Узбакистон

Вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов 29 ноябр бо муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Уилям Тодд мулоқот кардааст.

"Ҷонибҳо дар мулоқот масоили робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкориҳои башардӯстона ва ғайраро баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст", - менависад сомонаи вазорати корҳои хориҷии Узбакистон.

29 октябр муовини котиби давлатии ИМА дар умури масоили сиёсӣ Томас Шэннон низ барои гуфтугӯ вориди Тошканд шуд. Вай бо иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG