Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо шурӯи сардиҳо талабот ба ангишт афзудааст. ВИДЕО


Дар пойтахт талабот ба ангишт афзудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед

Бо авҷи сардиҳо дар Тоҷикистон талабот ба ангишт, натанҳо дар минтақаҳои дурдаст, балки дар пойтахти кишвар ҳам афзудааст. Сокинони Душанбе, ки чанд сол боз аз листи минтақаҳои шомили “лимит” хориҷ шудаанд, имсол низ умедашон асосан ба барқ ва ваъдаи мақомот барои додани гармӣ буд. Аммо сардиҳои як ҳафтаи гузашта ва қатъи ногаҳонии барқ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт сокинонеро, ки ҳавлӣ доранд ва имкони гузоштани бухории бобоӣ ҳаст, ҳоло барои харидани ангишт ва захираи ин навъи сӯзишворӣ шитобзада кардааст.

Масъулони “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки дар пайи як нуқси техникӣ танҳо шоми 27 ноябр интиқоли нерӯи барқ дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе қатъ шудааст ва барои ин вазъият аз сокинон узрхоҳӣ карданд.

Пӯлод, як тоҷири бозори “Сомон”-и Душанбе, беш аз ҳар вақти дигар сертараддуд аст ва ҳар рӯз чандин мизоҷашро бо халтаҳои пури ангишт гусел мекунад. Вай рӯзи 29 ноябр гуфт, ангишти истихроҷи ноҳияи Айнӣ ва ангишти воридотӣ аз Қирғизистонро мефурӯшад. "Нархи як кило ангиште, ки аз Қирғизистон мерасад, 1 сомониву 40 дирам ва ангишти ноҳияи Айнӣ - 60 дирам аст. Ангишти қирғизӣ барои он қиматтар аст, ки аз роҳи дур меояд ва марзро мегузарад”, - шарҳ дод ӯ.

Мизоҷони ангишти истихроҷи Қирғизистон, бо вуҷуди ду баробар боло будани нархаш, бештар будаанд. Чунки ба тасвири худи сокинон, “ангишти қирғизӣ хуб месӯзад ва то дер мемонад, аммо ҳарорати ангишти Тоҷикистон камтар аст.”

Имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуда, беш аз чиҳил дар сади он аз тарафи Маркази барқу гармдиҳии “Душанбе - 2” истифода мешавад. Мақомот гуфтанд, сохтмони хатти лӯлаҳои гармдиҳиро 99 дар сад анҷом додаанд. Бар асоси ваъдаи онҳо, дар нимаи дувуми моҳи нобяр бояд ин марказ хонаҳои сокинони Душанберо бо гармӣ таъмин мекард, вале мушоҳида мешавад, барномаҳо ба кундӣ пеш мераванд.

Қурбонгул, сокини шаҳри Душанбе, бори аввал ангишт харидааст. Чунки, ба гуфтаи ӯ, барқро пайваста хомӯш мекунанд ва хонаашон ба лӯлаҳои гармидиҳӣ низ пайваст нест. Хонаводаи Қурбонгул аз 6 нафар иборат аст ва бештари онҳо кӯдаконанд. “Маҷбур ба хотири онки тифлон сармо нахӯранду касал нашаванд, оташдон мондем. Аз бозор ангишти истихроҷи Тоҷикистонро мехарем, ки каме арзонтар аст ва бо ҳамин зимистонро бояд гузаронем”, - гуфт ӯ.

Мадинъом Зарифов дар яке аз маҳалҳои атрофи Душанбе зиндагӣ мекунад ва аз давом ёфтани сардиҳо нигарон аст. “Тӯл кашидани рӯзҳои сардӣ зарбаи сахт ба кисаи бе ин ҳам тиҳии мо хоҳад буд”, - мегӯяд Зарифов.

Дар Тоҷикистон дар фасли сармо, ба ҷуз аз шаҳрҳои асосӣ дар нуқоти дигари ҷумҳурӣ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Рӯзҳои охир сокинони Душанбе ҳам шикоят доранд, ки интиқоли нерӯи барқ аз 1 то 3 соат ва баъзан аз он зиёдтар қатъ шуда, хонаҳои бетонии онҳоро сардтар мекунад. Вале масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, дар пайи як нуқси техникӣ танҳо шоми 27 ноябр интиқоли нерӯи барқ дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе қатъ шудааст ва барои ин вазъият аз сокинон узрхоҳӣ карданд.

Тайи як ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон барфи зиёд борида, сардии ҳаво то даҳ дараҷаи зери сифр дар баъзе минтақаҳо расид. Сокинон мегӯянд, ки дар фасли тирамоҳ “меҳмонии” барфу сармо барояшон ғайриинтизор буд ва онҳоро ғофилгир кард.

XS
SM
MD
LG