Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" аз сокинони Душанбе узр хост. ВИДЕО


Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" барои қатъи интиқоли нерӯи барқ дар баъзе аз маҳаллаҳои пойтахт узрхоҳӣ карданд. Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси “Барқи тоҷик”, рӯзи 28 ноябр тавассути расонаҳои давлатӣ гуфт, ин мушкил дар пайи нуқсони техникӣ дар хатти 110 кВ, ки ба қавли ӯ, "зеристгоҳи “Новая”-ро бо “Заводская” пайваст мекард", ба амал омадааст. "Дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд", - афзуд ӯ.

Маҳмадумар Асозода сарусадоро дар бораи эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ дар Душанбе рад кард ва аз сокинон барои пеш омадани чунин мушкил узр хост.

Муовини аввали раиси "Барқи тоҷик" гуфт, сабаби пайдо шудани нуқс дар истифодаи аз меъёр зиёди нерӯи барқ ва ҳам зери барфи зиёд мондани ноқилҳо мебошад. Маҳмадумар Асозода сарусадоро дар бораи эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ дар Душанбе рад кард ва аз сокинон барои пеш омадани чунин мушкил узр хост.

Бархе аз сокинони Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шоми 27 ноябр аз қатъи интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон хабар доданд. Онҳо гуфтанд, дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳр аз субҳ боз нерӯи барқ нест ва баъзе минтақаҳои дигар аз як то се соат бе рӯшноиву гармӣ мондаанд. Сокинон набудани барқ дар пойтахти кишварро дар шабу рӯзи сардиҳо кори ғайри қобили қабул донистанд. Нерӯи барқ барои аксар аҳолии пойтахти Тоҷикистон натанҳо манбаи рӯшноӣ, балки манбаи аслии гармӣ ҳам ба ҳисоб меравад.

Зимистон омад ва...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

Як ҳамсӯҳбати мо аз ноҳияи Синои пойтахт шоми 27 ноябр гуфт, "маҷбур худро таҳи кӯрпа кардем. Бо кӯдакон намешавад дар хонаи сард нишаст. Инҷо деҳа нест, ки бухорӣ дошта бошӣ ва оташ гиронӣ. Инҷо биноҳои бетонист ва агар нерӯи барқу гармӣ набошад, одам аз сардӣ мемирад."​

Агар барқ набошад, чӣ кор хоҳед кард? Посухи раҳгузарони Душанберо дар инҷо бинед:

Агар барқ набошад...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Сарвиноз, мусоҳиби дигари мо аз маҳаллаи "Профсоюз"-и Душанбе мегӯяд, "се рӯз шуд, ки дар замони сардиҳо аз соати 17 то 20 интиқоли барқро қатъ мекунанд. Мисле ки "лимит" ҷорӣ шуда бошад."

Ин мусоҳиби мо гуфт, мақомот тобистони имсол онҳоро барои шинондани "батарея"-ҳо дар манзилашон маҷбур карда буданд, то дар айёми зимистон барояшон гармӣ диҳанд, аммо ба қавли ӯ, "ҳоло аз гармӣ ному нишоне нест. Дар ҳоле ки ваъда шуда буд, аз 23 ноябр гармиро медиҳанд. Ақаллан гармӣ мебуд, ин қадар сахт намерасид."

Хилватшоҳи Маҳмуд, хабарнигори тоҷик, дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки шоми 27 ноябр дар манзили онҳо дар кӯчаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Фирдавсӣ низ барқ нест. Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқ, мегӯяд, онҳо дар маҳаллаи "Моҳинав"-и хиёбони Саъдии Шерозӣ "аз субҳ боз барқ надоранд" ва ӯ ҳам таъкид кард, ки телефони навбатдори шабонаи шаҳрдорӣ ба зангҳояш посух надодааст.

Пришла зима: Таджикистан снова живет без электричества
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

"Яккачинор - барқ нест", "дар 112 барқ нест", "102 ҳам барқ надорад", "дар маҳаллаҳои 83 ва 84 низ барқро хомӯш карданд", "имрӯз аз саҳар то бегоҳ дар Испечак-2, м-16 ҳам барқ набуд", "дар маҳаллаи 33 ва Политехникум ҳам барқ нест", "кӯчаи Мирзо Турсунзода ҳам барқ надорад"... чунин шикояти сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоми 27 ноябр хеле зиёд нашр шуд ва қатъи интиқоли нерӯи барқ дар аксар маҳаллаҳои пойтахтро бозгӯ кард.

Аммо дар сомонаи "Барқнест.Тҷ", ки соатҳои интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинони кишварро ҳар рӯз дар ҷадвале нишон медиҳад, дар бораи қатъ шудан ё нашудани интиқоли рӯшноӣ ба манзили сокинони шаҳри Душанбе ҳарфе гуфта нашудааст.

Мавсими сармо ва барфҳои зиёд имсол ба Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат омад ва аз рӯзи 19 ноябр ба ин тараф дар кишвар сардии шадид ҳукмфармост. Лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ аз аввали моҳи ноябр дар тамоми кишвар ҷорӣ шудааст, вале мақомоти "Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки ин маҳдудият ба шаҳрҳои асосии кишвар, аз ҷумла Душанбе, дахл надорад.

XS
SM
MD
LG