Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ба Аврупо таҳдид кард, ки марзро ба рӯи гурезаҳо мекушояд


Раҷаб Таййиб Эрдуғон,
Раҷаб Таййиб Эрдуғон,

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт, агар Брюссели расмӣ сиёсатҳои кунуниашро нисбати Анқара идома диҳад, вай марзҳои муштаракашро бо Иттиҳоди Аврупо ба рӯи гурезаҳо боз мекунад. Ахиран порлумони Аврупо ба ҷонибдорӣ аз қатъи раванди воридшавии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо раъй дод. Ин қарор, ки аз он аксари вакилон ҷонибдорӣ карданд, посух ба "саркӯбсозиҳои номуносиби Анқара" баъди талоши табаддулоти давлатӣ, номида мешавад.

Пештар аз ин, Эрдуғон гуфта буд, Туркия набояд ба тамом умедвори шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо бошад. Вай афзуда буд, ки кишвараш метавонад, имконияти шомил шудан ба созмонҳои дигар, барои мисол Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро низ баррасӣ кунад.

Миёнаҳои моҳи март Туркияву Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ аз воридшавии мавҷи муҳоҷирон ба Аврупо созишнома имзо карда буданд. Коршиносони СММ мегӯянд, баъди қабули ин созишнома маргу мири гурезаҳо ҳангоми талоши ворид шудан ба Аврупо бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG