Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди садамаи маргбор мудири роҳи оҳан истеъфо дод


Муҳсин Пурсайидоқоӣ, мудири ширкати давлатии Роҳи оҳани Эрон, баъди садамаи маргбори қатор дар вилояти Симнон, ки 44 кушта бар ҷой гузошт, аз мақомаш истеъфо дод. Дар пайи ин садама даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Симнон мегӯянд, дар робита ба ин садама ронанда ва масъули маркази назорат дар шаҳри Шоҳрӯд низ боздошт шудаанд. Бар асоси гузориши Франс-Пресс, мудири ширкати Роҳи оҳани Эрон нимаи дувуми рӯзи 26 ноябр дар телевизион зоҳир шуд ва истеъфояшро эълон кард. Вай гуфт, ин корро “бинобар масъулияти иҷтимоӣ” анҷом медиҳад ва барои ин ҳодиса аз мардум узр хост.

XS
SM
MD
LG