Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки бо ҳадафи мулоқот бо мақомоти баландпояи Узбакистон, рӯзи 17 ноябр вориди Тошканд шуд, рӯзи 18 ноябр бо Шавкат Мирзиёев ва мақомоти дигари Узбакистон дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Раҳбари Туркия, ҳамон тавр, ки қаблан эълон карда буд, қабри Ислом Каримов, президенти собиқи Узбакистонро, ки авоили сентбяри соли равон, баъди 25 соли раҳбарӣ аз дунё гузашт, зиёрат кард
Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 17 ноябр зимни суханронӣ дар порлумони Покистон Ғарбро ба мусоидат ва густариши бенизомӣ дар ҷаҳони Ислом муттаҳам кард. Ӯ аз мусалмонҳо даъват кард, ки аз тафовутҳои фирқаӣ канор бираванд, то бар зидди тундгароён дастаҷамъона мубориза баранд.