Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина нафақа боло бурда мешавад


Нахуствазири Украина гуфт, ки вазъи иқтисодии кишвараш рӯ ба беҳбуд овардааст ва ҳукумат ният дорад нафақаву маошро боло барад. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Володимир Ҳройзман, нахуствазири Украина рӯзи 16 ноябр гуфт, ки дар давоми соли ҷорӣ вазъи иқтисодии ин кишвар беҳбуд ёфт ва аз рӯи арзёбиҳои оҷонсии “Фитч”, дигар ин кишвар дар ҳолати “пеш аз суқут” қарор надорад. Вай гуфт, дар натиҷаи ин болоравӣ, мизони нафақа дар моҳи декабри имсол 10 дар сад афзоиш ёфта дар моҳи январ ду баробар бештар назар ба нишондодҳои ҳадди аққали нафақа мешавад. Вай инчунин аз мардуми Украина ташаккур кард, ки дар шароити сангин, сабру таҳаммул нишон доданд.

XS
SM
MD
LG