Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп хабари рахна дар ситодашро рад кард


Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп хабари расонаҳоро дар бораи сардаргумии ситодаш рад кард. Ситоди вай дар айни ҳол ба интихоби кадрҳо барои дастгоҳи президенти оянда машғул аст. Трамп дар саҳифаи Твиттер навишт, ки тими вай ба интихоби кадрҳо саргарм аст ва ҳайати девони вазирон ва дастгоҳи Кохи сафедро муайян мекунад.

Ба ин тартиб, Трамп навиштаи расонаҳоро, ки мегуфтанд, дар тими президенти тозаинтихоб рахна эҷод шуда, интихоби кадрҳо ба кундӣ пеш меравад, рад кард. Расонаҳо навиштанд, ки Трамп ҳоло дар мавриди Рудолф Ҷулиан, шаҳрдори пешини Ню-Йорк, ки ӯро номзади эҳтимолӣ ба мақоми котиби давлатӣ меномиданд, шубҳа дорад. Акнун губернатори Каролинаи Ҷанубӣ Никки Хейл ҳамчун номзад ба мақоми котибӣ унвон мешавад.

Нашрияи New York Times менависад, ки Трамп бо роҳбарони тақрибан 30 кишвар суҳбати телефонӣ анҷом дод, аммо боре ҳам бо мутахассисони умури хориҷии ИМА машварат накардааст.

XS
SM
MD
LG