Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Туркманистон чорводорӣ ва дӯзандагиро меомӯзад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон 16 ноябри соли равон дар расми ифтитоҳи маҷмааи чорводории Вазорати корҳои дохилии кишвараш иштирок кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, маҷмааи мазкур талаботи ВКД-ро таъмин карда, гӯшту маҳсулоти ширии зиёдатиро ба бозори дохилӣ хоҳад баровард. "Ин иқдом метавонад, дар оянда барои мақомоти дигари низомию ҳифзи ҳуқуқ намуна шавад", - афзудаанд расонаҳо.

Дар маҷмааи ВКД Туркманистон чорвои хурду калон, шутур, заргӯш, мурғи марҷон ва мурғ парвариш карда мешавад. Ҳамчунин ин ниҳод тасмим дорад, барои таҳияи либосҳои низомии кормадонаш сехи дӯзандагиеро низ таъсис диҳад.

Зимни расми ифтитоҳи маҷмаа аз номи ҳамаи кормандони ВКД ба президент Бердимуҳаммадов аспи навъи ахалтека Одилхон туҳфа карда шудааст.

XS
SM
MD
LG