Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "истифодаи муассир аз захираҳои обу энержӣ" дар Тошканд


Шаҳри Тошканд.
Шаҳри Тошканд.

Вазири корҳои хориҷии Узбакистон дар шаҳри Тошканд бо муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардааст. Бино ба иттилои торнамои вазорати корҳои хориҷии Узбакистон, рӯзи 16 ноябр Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи ин кишвар бо Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон масоили “истифодаи муассир аз захираҳои обу энержии минтақаи Осиёи Марказӣ”-ро матраҳ кардааст. Ин манбаъ дар мавриди ҷузъиёти ин мулоқот ва гуфтугӯҳо барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин мушкил, иттилоъ надодааст.

Тибқи иттилои торнамои вазорати хориҷии Узбакистон, ҳамзамон дар ин рӯз Абдулазиз Комилов бо Муҳаммадшариф Ҳақдод, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидор ва масоили марбут ба равобити Тоҷикистону Узбакистон, аз ҷумла, масъалаи таъйн ва аломатгузории марзи муштараки миёни ин ду кишварро ба баҳус баррасӣ кашидааст.

Тоҷикистону Узбакистон беш аз 1332 километр марзи муштарак доранд ва ҷонибҳо то имрӯз дар мавриди таъин кардани 80 дарсади сарҳади муштаракашон ба созиш расидаанд. Аммо ба далели пурра мушаххас ва аломатгузорӣ нашудани хатти марз, сокинони ин ду кишвар зимни чарондани чорво ё ҷамъоварии ҳезум ноогоҳона аз манотиқи марзӣ убур карда, баъзан дар пайи бархӯрдан ба минаҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Узбакистон аз соли 1999-ум ба гуфтаи мақомоти ин кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди афроди муссалаҳ марзҳояш бо чанд кишвари ҳамсояро мингузорӣ кард. Бино ба иттилои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мина, аз замони минагузорӣ шудани манотиқи марзӣ бо Узбакистон дар соли 1999, то ба ҳол ҳудуди 80 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари бархурд бо минаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG