Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озордиҳандаи кӯдакони бепарастор ба зиндон рафт


Додгоҳи минтақаи Забайкали Русия мураббии собиқи маркази кумак ба кӯдакони бепарасторро бо ҷурми бадрафторӣ барои чоруним сол равонаи зиндон кард. Бино ба фарзияи тафтишот, Елена Смолина тобистони соли 2015, дар ҳоле ки масъулияти раҳбарии урдугоҳи тобистона барои кӯдаконро бар дӯш дошт, ҳамчун муҷозот алайҳи кӯдакон аз хушунат кор гирифтааст. Ӯ кӯдаконро бо "скотч" ба оҳани роҳравҳо баста, бо чӯб латту кӯб кардааст. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Елена Смолина аз рӯи банди зӯроварӣ ба кӯдакон, аз озодӣ маҳрум кардан ва шиканҷаи афроди ноболиғ боз шуда буд.

XS
SM
MD
LG