Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти вазир бо 2 миллион $ ришва. ВИДЕО


Алексей Улюкаев, вазири иқтисоди Русия

Алексей Улюкаев – вазири иқтисоди Русия – бо иттиҳоми гирифтани 2 миллион доллар ришва боздошт шудааст. Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 15 ноябр гуфт, Улюкаев ин пулро барои "хулосаи мусбат" дар масъалаи харидани 50 дар сади саҳмияҳои ширкати «Башнефт» аз сӯи ширкати давлатии «Роснефт» тақозо карда буд.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, даъват кардааст, ки қазияи боздошти Улюкаев ҳамаҷониба тафтиш шавад. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, Медведев ин масъаларо бо президент Владимир Путин низ баррасӣ кардааст.

Кумитаи тафтишоти Русия, ки мустақим ба Путин гузориш медиҳад, иброз доштааcт, ки ба зудӣ айбномаи расмии Улюкаевро эълон хоҳад кард. Улюкаев барномаи хусусигардонии муассисаҳои давлатии Русияро назорат мекард. Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков ба хабаргузории ТАСС гуфт, иттиҳоми вазир хеле ҳам ҷиддӣ аст, аммо гуноҳи ҳар нафарро додгоҳ муайян мекунад. Ширкати «Роснефт»-и зери назорати Кремл дар моҳи октябр 50 дар сади саҳмияҳои «Башнефт»-ро ба маблағи 330 миллиард рубл ё каме беш аз 5 миллиард доллар харид.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG