Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Романи иборат аз як ҷумла ҷоизаи обруманди адабӣ гирифт


Мак Маккормеки ирландӣ барои романаш "Корсети хуршедӣ" ва барои навоварии шеваи адабӣ ҷоизаи донишгоҳи Голдсмитро соҳиб шуд. Ин асар аз як ҷумлаи дароз иборат аст.

Асар дар 223 саҳифа эҷод шудааст ва дар бораи як муҳандис бо номи Маркус Конуэй қисса мекунад, ки баъди марг барои муддати кӯтоҳ ба зиндагӣ баргаштааст. Ҳакамҳои ҷоиза гуфтанд, ки нависанда тавонистааст зиндагии як коргари маъмулиро ба таври ғайримаъмулӣ тасвир кунад. "Сиёсат, хонавода, санъат, издивоҷ, сиҳатӣ, қарзи шаҳрвандӣ ва муҳити зист - танҳо баъзе аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки муаллиф дар ҷараёни қисса на бо лирика, балки бо насри қавӣ ҳикоят кардааст", - гуфт раиси ҳакамҳо профессор Блейк Моррисон.

Ҷойизаи адабии донигоҳи Голдсмит соли 2013 дар Лондон таъсис ёфт. Бори сеюм аст, ки ин ҷоизаро нависанҳои ирландӣ дарёфт мекунанд. Ҷоиза 10 ҳазор фунт арзиш дорад ва соҳибҷоизаҳо қариб ҳамеша эътирофи байналмилалӣ пайдо мекунанд.

XS
SM
MD
LG