Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ДИИШ дар шимоли Ироқ 300 сарбози собиқро рабудааст"


Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" аз оғози моҳи ноябр ба камияш 300 сарбози собиқи артиши Ироқро дар шимоли ин кишвар дар атрофи Мавсил рабудааст. Ҳамин манбаъ мегӯяд, ҷангиёни ДИИШ ҳудуди якуним ҳазор хонаводаро аз шаҳри Ҳаммом ал-Алил аз манзилашон берун карда ба Мавсил интиқол доданд. Сарнавишти ин одамон то ҳол рӯшан нест.

Равина Шамдасанӣ, сухангӯи идораи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 8 ноябр гуфт, ҷангиёни ДИИШ мехоҳанд, мардуми мулкиро ба ҳайси "сипари зинда" истифода кунанд. Рӯзи 7 ноябр сарбозони Ироқ, ки дар амалиёти озод кардани мавсил аз ДИИШ иштирок доранд, гӯрҳои дастҷамъиро бо садҳо тани бесар дар Ҳаммом ал-Алил, дар қаламрави як мактаб ошкор карданд.

XS
SM
MD
LG