Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти Истанбул бо шиори "шона ба шона алайҳи фашизм"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Садҳо нафар дар Туркия алайҳи саркуби кормандони соҳаи маориф баъди табаддулоти нокоми моҳи июл дар Истанбул даст ба эътироз заданд.

"Шона ба шона алайҳи фашизм" - бо ин шиор академикҳо, донишҷӯён ва аъзои иттиҳоди кормандони соҳаи маориф, рӯзи 3 ноябр дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи Истанбул ва таҳти назорати пулиси зидди тазоҳурот таҷаммуъ карданд.

Анкара, ки мегӯяд, табадуллоти нокоми 15 июлро Фатҳулло Гулен, рӯҳонии турктабори сокини Амрико барномарезӣ кардааст, аз моҳи июл ба ин тараф беш аз 100 ҳазор корманди давлатӣ, бо шумули академикҳо, муаллимҳо, додгустарҳо, додситонҳо ва сарбозонро бо гумони робитаи онҳо бо Гулен аз мақом сабукдӯш кардааст ё фаъолияти онҳоро боздоштааст. Дастикам 37 ҳазор дар зиндон буда, мурофиаҳои додгоҳиро интизоранд.

Рӯзи 3 ноябр вазорати дохилии Туркия эълон кард, ки 1200 низомии пулис ё жандармерия аз кор ронда шуданд.

Рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен, ки солҳо боз дар Амрико зиндагӣ мекунад, даст доштани худро дар кӯшиши табаддулот рад кардааст.

XS
SM
MD
LG