Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарманди машҳури узбак аз зиндон озод шуд


Ҳунарманди машҳури театр ва кинои Узбакистон Матёқуб Матчонов 31 октябр аз толори додгоҳ бар асоси қонуни авф озод шуд. Матчонов дар содир кардани чанд "ҷинояти иқтисодиву молӣ" айбдор мешуд. Вай 4 июли соли ҷорӣ аз сӯи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон боздошт шуда буд.

Ҳунарманд ва тоҷири 60-сола дар вайрон кардани қоидаҳои тиҷорат, саркашӣ аз пардохти андоз, истеҳсол, нигаҳдорӣ, интиқоли маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест ва ғайра айбдор мешуд. Баъди боздошт Матчонов хабар расид, ки вай дар тиҷорати маводи мухаддир низ даст дорад. Аммо дар хулосаи айбдорсозӣ ин айб зикр нашудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳунарманд 180 миллион сӯми узбакӣ ҷарима пардохт кардааст.

Матёқуб Матчонов бо нақшофариаш дар филмҳои "Шайтанат", "Марди оҳанин", "Суғдиён" машҳур аст.

XS
SM
MD
LG