Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

300 миллион кӯдак аз ҳавои заҳролуд нафас мекашад


Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон мегӯяд, ки дастикам 300 миллион кӯдак дар манотиқи ҳавояш заҳролуд зиндагӣ мекунад. 220 миллиони онҳо дар Осиёи Ҷанубӣ, дар мавзеъҳое умр ба сар мебаранд, ки сатҳи ҳавои олуда дар он ҷо шаш маротиб аз меъёри Созмони Байналмилилии Беҳдошт баландар аст, омодааст дар гузориши нави Дафтари СММ дар умури кӯдакон - ЮНИСЕФ, ки рӯзи 31 октябр пахш шуд.

Раҳбари Юнисеф Энтони Лейк ҳавои олударо авомили аслии маргу мири солонаи ҳудудан 600 000 кӯдаки то панҷсола унвон кард.

Ин созмон аз ҳукуматҳо, ки моҳи оянда масъалаи гармшавии иқлимро дар Марокаш матраҳ мекунанд, даъват кард, ки истифодаи гидрокарбонро коҳиш дода рушди сиҳатӣ ва кундшавии шиддати тағйири иқлимро имконпазир кунанд.

ЮНИСЕФ ҳамчунин аз кишварҳо даъват кардааст, ки дур кардани манбаи олудагии ҳаво, бо шумули корхонаҳо аз макотибу макони бозии кӯдакҳо ва таъсири ҳавои олударо ба онҳо ба ҳадди аққал расонанд.

XS
SM
MD
LG