Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия бар асоси ҳуҷҷати соли 1910 бештар аз 100 сомона баста шуд


Дар Русия бештар аз сад сомонаи порнографӣ бар асоси қонунҳое баста шуданд, ки аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ва СССР дар солҳои 1910 ва 1923 имзо шудаанд.

Гап дар бораи Созишномаи пешгирӣ аз нашрияҳои порнографӣ, ки соли 1910 дар Порис ва Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи пешгирӣ аз гардиши нашрияҳои порнографӣ, ки соли 1923 дар Женева имзо шудааст, меравад. Бар асоси ин ҳуҷҷатҳо, ҷумҳурии Тотористон 19 феврали соли 2015 дар бораи бастани сомонаҳои порнографӣ қарор қабул кардааст.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ мақомоти Русия бар пояи қарори додгоҳи вилояти Воронежи ин кишвар бузургтарин сомонаи порнографӣ - "Pornhub"-ро бастанд.

XS
SM
MD
LG