Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Надежда Савченко дар мурофиаи Додгоҳи олии Русия

Надежда Савченко

Депутати порлумони Украина Надежда Савченко барои иштирок дар мурофиаи додгоҳии шаҳрвандони Украина Станислав Калиха ва Николай Карпюк ба Маскав омад. Додгоҳи олии Русия қонунӣ будани ҳукуми ин ду украиниро баррасӣ мекунад.

Рӯзи 27 май додгоҳи Грозний Станислав Калиха ва Николай Карпюкро аз 20 то 22 соли зиндон маҳкум кард. Украиниҳо бо иттиҳоми иштирок дар ҷанг алайҳи нерӯҳои федеролӣ, дар ҷанги аввали Чеченистон, зимистони солҳои 1994-1995 ва, инчунин, куштори сарбозони Русия муттаҳам шудаанд. Калиха ва Карпюк худро гунаҳкор намешуморанд ва мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ дар Чеченистон набуданд ва аз тарафи ниҳодҳои қудратии Русия ғайриқонунӣ боздошт шуда, дар ҷараёни тафтишот мавриди шиканҷа қарор гирифтанд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар "Мемориал" ин ду нафарро зиндониҳои сиёсӣ эътироф кардааст.

Надежда Савченко, ки Маскав ӯро бо ҷурми куштори ду хабарнигори шабакаи телевизионии Русия, дар наздикиҳои Луҳанск ба 22 соли зиндон маҳкум карда буд, баъди онки президенти Русия амри қарори раҳоии ӯро имзо кард, аз зиндон озод шуд ва 25 май ба Украина баргашт.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дархости як зани ҷангии ДОИШ барои барқарории шаҳрвандии Бритониё рад шуд

Дар акси соли 2015 Шамима Бегум

Додгоҳи олии Бритониё дархости як ҷавонзанеро рад кард, ки хост баъди фирораш ба Сурия бо ҳадафи пайвастан ба ДОИШ дубора ба ватан баргардад, чун, ба гуфтааш, зиндагиаш таҳти хатар аст. Шамима Бегум ҳоло 21 сол дорад ва ӯ соли 2015, замоне, ки ноболиғ буд, ҳамроҳ бо ду духтари мактабхони дигар ба Сурия рафта он ҷо ба як марди узви гурӯҳи мамнӯи «Давлати исломӣ» оиладор шуд. Соли 2019 шиносномаи шаҳрванди Бритониёи ӯ мусодира гардид, вале ӯ аз болои ин қарор шикоят карда хост, ки шаҳрвандии ӯ барқарор гардад. Додгоҳи таҷдиди назар ба ҷонибдории барқарор шудани ҳуқуқи Бегум қарор кард, вале Додгоҳи олӣ ин ҳукмро 26 феврал бекор кард. Додгоҳ гуфт, ки Бегум метавонад муборизаҳои додгоҳии худро барои барқарории шаҳрвандии Бритониё идома диҳад, вале акнун аз беруни хоки Бритониё. Бегум ҳоло дар як қароргоҳи боздоштшудаҳо дар Сурия мебошад. Баъди издивоҷаш соҳиби се фарзанд шуд, вале ҳамаашон даргузаштанд. Дар ҳоле, ки бархе мегӯянд, Бегум барои барқарор кардани шаҳрвандиаш пурра ҳақ дорад, дигарҳо назарҳои мухолифи инро ҳам баён мекунанд.

Мусаллаҳон садҳо духтарро аз мактабе дар Нигерия бо худ бурданд

Катсина, 18 декабри соли 2020. Писарбачаҳоро аз дасти гаравгонгирҳо озод карданд

Сокинони кишвари Нигерия гуфтанд, ки дар паи як шабехуни гурӯҳи азими мусаллаҳе ба мактби маҳаллӣ рӯзи 26 феврал, садҳо духтари мактабхон рабуда шуданд ва то ҳол нопайдо мебошанд. Ҳодисае, ки дар мактаби давлатии аёлати Замфара рух дод, ҳамчун одамрабоии мудҳише арзёбӣ мешавад. Волидони Носира Абдуллоҳӣ ба Associated Press гуфтанд, ки ба иттилои онҳо 300 духтар нопадид шудааст ва синни онҳо 10 то 13-сола мебошад. Ба гуфтаи сокини дигари маҳаллӣ Мӯсо Мустафо, афроди мусаллаҳ инчунин ба як қароргоҳи низомиву посгоҳе дар ҳамин маҳал ҳамла карданд. Ӯ гуфт, ин кори онҳо боис шуд, ки вақте ба мактаб ҳамла карданд, низомиён натавонистанд пеши роҳи онҳоро бигиранд.

Сулаймон Тунау Анка, як намояндаи давлат гуфт, “Ин рост аст. Хонандаҳои мактаб рабуда шуданд”. Ӯ гуфт, ки мусаллаҳон ба мактаб бо мошин расиданд ва маҷбур карданд, ки духтарҳо ба мошинҳо савор шаванд. Ӯ гуфт, ки нирӯҳои амниятӣ аз паи таъқиби мусаллаҳон шудаанд.

Феълан маълум нест, ки оё дар ҳодисаи ҳамла ба мактаб касе осеб дидааст ё на.

Дар аёлати Замфара гурӯҳҳои азими мусаллаҳон кор мекунанд ва онҳо аз роҳи гаравгонгирӣ пул ваё озодкунии аъзои дигари гурӯҳҳои худро аз зиндон тақозо мекунанд.

Дар як ҳамлаи аз ин пеш ба мактаби аёлати Нигери давлати Нигерия, як хонандаи мактаб куштаву 42 мактабхон, омӯзгор ва аъзои оилаашон рабуда шуданд. Ду моҳ пеш мусаллаҳон дар аёли Катсина 300 писарбачаи мактабхонро рабуданд.

Мақомот тасдиқ карданд Навалнийро аз боздоштгоҳ ба зиндони дигар бурданд

Алексей Навалний дар додгоҳ

Мақомоти низоми зиндонҳои Русия тасдиқ карданд, ки раҳбари мухолифон Алексей Навалний аз боздоштгоҳ ба зиндони дигар интиқол дода шуд. Александр Калашников, раиси Хадамоти зиндонҳои Русия дар изҳороти рӯзи 26 феврали худ нагуфт, ки маҳалли нигаҳдории Навалний куҷо аст. Навалнийро ба 2,6 соли зиндон маҳкум карданд. Калашников ба журналистон гуфт, “ӯ ба ҷое интиқол дода шуд, ки бар асоси қарори додгоҳ бояд мерафт”. Ӯ гуфт, “ба шумо кафолат медиҳам, ки ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад, ӯро ба ҳоли худ гузоред”. Маъмулан мақомоти зиндонҳои Русия маҳалли интиқоли зиндониҳоро ошкор намекунанд. Ин изҳорот дар ҳолест, ки рӯзе пеш вакили дифои Навалний - Вадим Кобзев гуфт, вақте ба дидани зерҳимояаш ба боздоштгоҳ рафт, фаҳмид, ки Навалнии 44-соларо ба як макони номаълум интиқол додаанд. Ҳабс ва ҳукми зиндони Навалний баробари бозгашташ аз табобати Олмон эътирозу норизоиятҳои зиёде дар дохили Русия ва ҳам маҳкумиятҳои ғарбро ба бор овард. Навалнийро дар он муттаҳам карданд, ки қарори додгоҳ аз соли 2014 оид ба ҳабси шартиро нақз кард, ин дар ҳоле буд, ки Навалний аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомии сохти шӯравӣ аз моҳи август ба ин сӯ дар табобат қарор дошт. Оғози моҳи феврал қарори додгоҳ ҳабси шартии ӯро ба ҳабси воқеӣ табдил кард.

Эътирозгарони Янгонро пароканда карданд

Нирӯҳои амниятӣ дар Янгон, калонтарин шаҳри Мянмар рӯзи 26 феврал бо ҳадафи пароканда кардани беш аз як ҳазор эътирозгар ба ҳаво тири огоҳкунанда кушоданд. Эътирозгарон дар муқобили як маркази тиҷоратии азими Янгон бо шиору навиштаҷот ба даст ҷамъ шуда, мухолифати худро бо ғасби қудрат аз ҷониби низомиён дар таърихи 1 феврал баён карданд. Эътироз бо вуҷуди он идома кард, ки нирӯҳои амниятӣ ба сӯи мардум об пошиданд. Вақте тахминан 50 полиси роҳ ба муқобили эътирозгарон ҳаракат карданд, садои тири огоҳкунанда ба гӯш расид ва дасти кам як нафар боздошт шуд. Нирӯҳои амниятӣ эътирозгаронро аз кӯчаи марказӣ пеш карда дар хиёбонҳои дигар ҳам онҳоро таъқиб намуданд. Ихтилофи миёни эътирозгарону низомиён баъди он шиддат гирифт, ки низомиён раҳбарони қонунан интихобшудаи мулкӣ, аз ҷумла Аун Сан Суҷиро ҳабс карданд.

Дастёри додситони Шоҳмансурро ба қаллобӣ муттаҳам кардаанд

Generic -- Corruption

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ба зидди як додситон дар шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, вале худашро «намеёбанд». Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Сайфиддин Баҳриддинзода, дастёри додситони ноҳияи Шоҳмансур ба қаллобӣ муттаҳам мешавад ва ҳоло таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Парвандаашро бо моддаи «қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон» калон таҳқиқ мекунанд ва парванда дар дасти Раёсати парвандаҳои махсусан муҳим аст. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ: “Маълум нест, ки Баҳриддинзода дар куҷо ҳаст, вале расман имрӯз дар ҷустуҷӯ қарор дода шуд.” Додситонии кулл расман қазияро шарҳ надодааст. Ҷузъиёти парванда ҳанӯз дастраси Радиои Озодӣ нашудааст.

Раҳбарони ИА масоили амният ва дифоъро баррасӣ мекунанд

Брюссел, 26 феврал. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг (аз чап) ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел

Рӯзи 26-ми феврал дар рӯзи дуюми ҷаласаи онлайнии Иттиҳоди Аврупо 27 раҳбари кишварҳои узви ин созмон масоили дифоъ ва амниятро баррасӣ мекунанд. ИА барои иқдомҳои ҳамоҳангшуда дар барномаҳои дифоӣ, масалан, нақшаҳои маблағгузории муштарак дар барномаҳои рушди дифоӣ, ки чанд соли охир ба ҳам хӯрда буд, ташкили ҷаласа мекунанд. Бархе раҳбарон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки талошҳои ИА метавонад ба НАТО, ки президенти ИМА Ҷо Байден барои барқарории рисолату нуфузи он талош дорад, зарба занад.

Ба музокираҳои ИА тавассути тамоси видеоӣ дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ҳам ҳамроҳ шуд. Столтенберг пеш аз ширкат дар ҷаласа ба журналистон гуфт: “Талошҳои ИА шона ба шона бо иқдомҳои низомӣ пеш меравад”. Столтенберг гуфт, “барои НАТО муҳим аст, ки бӯҳрони пандемия ба як бӯҳрони амниятӣ табдил нашавад”, чунки, ба гуфтаи ӯ, “таҳдидҳое, ки мо пеш аз пандемия бо онҳо рӯбарӯ будем, ҳамоно пойбарҷо ҳастанд: ин амалҳои хашини Русия, шаклҳои дағалтари терроризм, ҳамлаҳои моҳиронаи интернетӣ, афзоиши нуфузи Чин ва паёмадҳои амниятии тағйироти иқлим мебошанд”.

Зимни суханронӣ дар оғози ҷаласа президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфт, иртиботи миёни Аврупо ва ИМА аз тақвияти муносибатҳои ИА ва НАТО наздиктар хоҳад шуд. Дар рӯзи аввали ҷаласа раҳбарони аврупоӣ тааҳҳуд карданд, ки истеҳсол ва тақсими воксинаҳои зидди COVID-19 дар қораи Аврупо суръат бахшида мешавад. Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен гуфт:

“Боварӣ дорем, ки метавонем то охири тобистон ба ҳадаф бирасем ва 70 дарсади аҳолии Иттиҳоди Аврупо, яъне калонсолонро бо ваксина таъмин кунем. Дар Иттиҳоди Аврупо 255 миллион нафар аст. Вақте мо ба омори нақшавӣ нигоҳ мекунем, бовар дорем, ки ба ҳадаф мерасем”.

Мақомоти аврупоӣ инчунин гуфтанд, ки маҳдудиятҳои сафар нигоҳ дошта мешавад ва танҳо дар сурати зарурати корӣ ва эҳтиёҷоти дигар сокинони Аврупо ҳақ хоҳанд дошт аз як кишвар ба кишвари дигар ҳаракат кунанд.

AI тасмими бекор шудани мақоми "маҳбуси ақидатӣ"-и Навалнийро шарҳ дод

Алексей Навалний дар додгоҳ

Созмони байналмилалии Amnesty International дар шарҳи сабабҳои бозбинӣ шудани мақоми “маҳбуси ақидатӣ”-и Алексей Навалний, гуфт, ин ташкилоти ҳомии ҳуқуқ на бар асоси навиштаҳо дар шабакаҳо ваё зери фишори фаъолони рӯ ба давлат қарор қабул мекунад. Созмон мегӯяд, ки қарорҳояш бар асоси омӯзиши бисёр амиқ ва далелҳо қабул мешаванд. Ин созмон мегӯяд, хабарҳо дар бораи ин ки ба қарори он маъракаи ташкилшудаи тӯҳмати Навалний таъсиргузор шудааст, бепояву асос мебошад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, “пропагандаи мақомоти Русия шинохташаванда аст”.

“Масъала бояд возеҳ бошад, мафҳумҳоро омехта кардан мумкин нест. Ҳеҷ як аз изҳороти қаблии Навалний боздошти ҳозираи ӯро сафед намекунад, чун ин ҳабс дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад”, гуфтааст Amnesty International. Муаллифони ин изҳорот эътироф карданд, ки қарори қабулкардаи онҳо дар бораи аз мақоми “маҳбуси ақидатӣ” маҳрум карданди Алексей Навалний дар фурсату замони номуносиб гирифта шуд ва гуфтанд, ки ин тасмими онҳо ба маъракаи озод кардани сиёсатмадори мунаққиди Кремлин таъсири манфӣ мегузорад. Созмон дар ин замина изҳори таассуф кардааст.

Як рӯз пеш аз изҳороти Amnesty International, нависандаи маъруфи рус Борис Акнунин дар номаи электроние ба унвонии ин созмон дархост кард, ки қарори худро бозбинӣ кунад. Акунин навиштаст: “Бо маҳрум кардани Алексей Навалний аз мақоми маҳбуси ақидатӣ, Amnesty International ба шахсияте зарба задааст, ки “аввал ӯро куштан мехостанд ва баъди ин ноодилона ба зиндон партофтанд”. Нависанда гуфтааст, “Шумо дари утоқи зиндонро ба рӯи ӯ маҳкамтар баста роҳи мубориза барои озод кардани ӯро ҳам мушкилтар кардед. Шумо бо садоқат ба протоколи корӣ, ба рӯҳу рисолати кории худ зарба задед”.

Amnesty International шоми 17 январ, чанд соат баъди он ки Алексей Навалний баъди бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳи “Шерметево” боздошт шуд, ӯро “маҳбуси ақидатӣ” номид. Навалний бо ин ки дар Олмон давоми ним сол аз заҳрлудшавӣ бо як заҳри низомие табобат гирифтааст, мақомот дар Русия гуфтанд, ки ӯ қарори ҳабси шартии зиндон аз соли 2014-ро нақз кард ва оғози моҳи феврал ӯро ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум карданд. Худи Навалний ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, қаблан гуфтааст, ки заҳролудкунии ӯро президент Владимир Путин фармоиш додааст. Кремлин ин иттиҳомро рад мекунад.

23 феврал маълум шуд, ки Навалний аз мақоми “маҳбуси ақидатӣ” маҳрум шудааст. Ин қарор бар асоси хулосаҳои раёсати умури ҳуқуқиву сиёсии Amnesty International қабул шуд. Созмон гуфт, ки дар изҳориназарҳои солҳои оғози 2000-уми Навалний андешаву ҳарфҳои паҳнкунандаи ақидаҳои нажодпарастиву бадбинӣ ошкор шудааст.

Соли 1964 ҳам созмони Amnesty International айни чунин қарорро дар нисбати Нелсон Мандела ҳам қабул карда буд. Бар асоси меъёрҳои ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, афроди дорои мақоми маҳбуси ақидатӣ наметавонанд хушунатро таблиғ ё ба чунин амалҳо даъват бикунанд.

Матбуот: ИМА ҷузъиёти қатли Хошуқчиро нашр кард

29 сентябри соли 2018. Ҷамол Хошуқчӣ

Дар гузориши хадамоти вижаи ИМА, ки ҷузъиёти куштори бераҳмонаи журналист Ҷамол Хошуқчиро таҳқиқ кардаанд, гуфта шудааст, ки валиаҳди Саудӣ Муҳаммад Бил Салмон, ба эҳтимоли ғолиб, фармоишгари куштор буд ваё ҳадди аққал ба ин куштор ризоият додааст. Дар ин бора рӯзи 25 феврал матбуоти амрикоӣ хабар дод. Ҷамол Хошуқчӣ, ки дар хориҷа зиндагӣ мекарду бо мақолаҳои интиқодиаш дар ҳақи раҳбарияти Арабистони Саудӣ ном бароварда буд, соли 2018 дар дохили консулгарии саудӣ дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Баъди ин куштор ҷасади ӯро пора-пора карда, аз дохили консулгарӣ берун бурданд ва то ҳол осоре аз ҷасади ӯ пайдо нашудаанд. Баъди куштори Хошуқчӣ аввал шуда бисёриҳо валиаҳди саудӣ Муҳаммадро ҳамчун фармоишгари эътимолии куштор номиданд. Валиаҳд даст доштанаш дар ин кушторро рад кардааст. Арабистони Саудӣ аввал талош кард, ки кушторро рад кунад, вале баъди чанд вақт инро эътироф кард. Мақомоти саудӣ гуфтанд, ки кормандони хадамоти вижаи консулгарӣ бо ташаббуси худ амал мекарданд ва кори онҳоро ба додгоҳ супурданд.

Оилаи Хошуқчӣ бо нашри як изҳорот хост, ки қотилони журналист афв шаванд. Қонунҳои саудӣ мегӯянд, ки дар чунин ҳолат қотилонро ба марг маҳкум намекунанд. Дар ниҳоят, ҳамаи муҷримон дар ин қазия ба мӯҳлатҳои мухталифи зиндон маҳкум шуданд.

Дар гузориши хадамоти вижаи Амрико гуфта шудааст, ки исбот ё далели мустақими даст доштани валиаҳд дар ин куштор дастрас нашуд, вале хадамоти вижа таъкид мекунанд, ки чунин амалиёт наметавонист бе ризоияти Муҳаммад бин Салмон, як раҳбари бонуфуз анҷом шавад.

Дар хабарҳо гуфта шуд, ки президенти ИМА Ҷо Байден бо ҷузъиёти ин гузориш ошно шуд ва ният дорад, ки ин мавзӯъро телефонӣ бо шоҳ Салмон баррасӣ кунад. Қаблан Байден аз зарурати бозбинии робитаҳо бо Риёз, як муттафиқи ИМА дар минтақа гуфта буд.

Пентагон аз мушакборони муассисаҳои ҷангҷӯёни марбут ба Эрон дар Сурия хабар дод

19 феврали соли 2021. ТВ Kurdistan-24 ҳолати баъди ҳамлаи мушакӣ болои як пойгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи Ирбилро ба навор гирифтааст

Пентагон гуфт, ки дар шарқи Сурия муассисаҳои марбут ба ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эронро мушакборон кардааст. Вазорати дифои ИМА рӯзи 25 феврал гуфт, ки мушакҳо дар посух ба мушакборонҳои моҳи феврал болои як пойгоҳи ироқӣ буд, ки дар он нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ мустақар шудаанд. Пентагон дар изҳороташ гуфт, ки ин амалиёт паёми рӯшане дорад, ки мегӯяд, «Президент Байден барои ҳимоят аз ҳуқуқи низомиёни амрикоиву эътилофӣ иқдом мекунад».

Дар изҳорот омадааст, ҳамлаҳо ба “чандин муассисае” дар марзи Сурияву Ироқ нигаронида шуданд, ки аз ҷониби низомиёни мавриди ҳимояти Эрон, аз ҷумла гурӯҳҳои шиаёни Ироқ бо номи “Катаиб Ҳизбуллоҳ” ва “Катаиб Сайид аш-Шуҳадо” назорат мешаванд.

Пентагон нагуфт, ки то куҷо гурӯҳҳои ҷангӣ дар ин ҳамлаҳо осеб диданд ё на. Вале созмони суриягии нозири ҳуқуқи башар гуфт, дар паи асобати мушакҳо ба се мошини ҷангии пур аз муҳимот, ки аз Ироқ меомад, 17 узви як воҳиди низомии марбут ба давлати Ироқ кушта шуданд. Ба узвияти ин нирӯи ниманизомӣ асосан гурӯҳҳои ҷангии шиамазҳаб шомил мешаванд.

Амалиёти мазкур дар ҳоле анҷом шуд, ки ахиран се ҳамлаи мушакӣ рух дод. Рӯзи 15 феврал дар натиҷаи мушакборони фурудгоҳи байналмилалии Ирбил дар маркази минтақаи нимамухтори Курдистони Ироқ як корманди мулкӣ кушта ва як низомии амрикоӣ ва чанд сарбози эътилофӣ маҷрӯҳ шуданд. Дар мушакборони дигар болои пойгоҳи нирӯҳои амрикоӣ дар шимоли Бағдод ҳам чанд рӯз баъд дасти кам як нафар кушта шуд. Як ҳамлаи дигари мушакӣ аввали ҳафтаи ҷорӣ сафорати ИМА дар Бағдодро ҳадаф қарор дод.

Дар Арманистон фазо пуртаниш боқӣ мемонад

25 феврал, майдони Республикаи шаҳри Ереван. Нахуствазир Никол Пашинян дар баробари тарафдоронаш сӯҳбат мекунад

Як рӯз баъди он ки нахуствазири Арманистон Никол Пашинян низомиёнро дар талоши сарнагун кардани давлат гунаҳгор карду ғарбу Русия ҳама ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват намуданд, фазо пуртаниш боқӣ мемонад. Пашинян шоми 25 феврал хитоб ба 20 ҳазор тарафдоронаш дар Ереван гуфт, иҷоза намедиҳад, ки нирӯҳои мусаллаҳ мудохила кунанд. Ин посухи Пашинян дар вокуниш ба талаби истеъфои нахуствазир садо дод, қаблан чунин талабро гурӯҳҳои мухолифини ҳукумати Арманистон ҳам ба забон оварданд.

Рӯзи 26 феврал ҳам мухолифон, ки 10 ҳазор нафарро ба хиёбонҳо бароварда буданд, дар назди бинои парлумон хайма зада тарки қудрат кардани Пашинянро талаб доранд. Намояндаи ҳизби оппозитсионии “Арманистони шукуфо” дар парлумон Ивета Тоноят ба журналистон гуфт, ки гурӯҳҳои мухолифон ният доранд 26 феврал як ҷаласаи изтирории парлумонӣ барпо кунанд ва дар он вазъи сиёсии кишвар ба баррасӣ гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол Вазген Манукян, номзади муштараки ҳизбҳои мухолифон ба мақоми нахуствазирӣ таҳдид кард, ки агар ҷаласаи изтирории парлумон барканории Пашинянро ҳал накунад, мухолифон эътирозҳои 24-соата барпо мекунанд.

Пашинян рӯзи 25 феврал хитоб ба издиҳом дар Ереван гуфт, ки низомиён бояд кори худро кунанд ва дар фикри дифои кишвар аз ҳамлаи хориҷӣ бошанд.

Номаи нирӯҳои мусаллаҳ замоне пахш шуд, ки Пашинян тасмим гирифт муовини раиси ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳро аз мақомаш барканор кунад. Баъди нома бо талаби истеъфои нахустазир, Пашинян раиси ситодро ҳам ба истеъфо фиристод.

Эътилофи “Иқдоми ман”-и Пашинян дар парлумон аксариятро ташкил медиҳад. Пашинян гуфтааст, ки талаби мухолифон барои қабули истеъфоро рад мекунад ва бар иваз ҳамаро ба машварати сиёсӣ даъват кард.

Ба таниши эҷодшуда дар Арманистон ҳамкорони берунаи Ереван вокуниш карданд. ИМА ва Русия дар аввалин вокунишашон ба таҳаввулоти Арманистон ҳама ҷонибҳоро ба хештандорӣ ва худдорӣ аз хушунат даъват карданд.

Мансабдорони тоҷик бояд то 1 апрел дар бораи дороиҳои худ гузориш диҳанд

Хабаргузории давлатии "Ховар" гузориш додааст, ки мансабдорони тоҷик бояд 1-уми апрели имсол дар бораи дороиҳои худ маълумот диҳанд. Чунин тартиб солҳо боз дар Тоҷикистон амал мекунад, аммо имсол фарқ мекунад.

Мансабдорон ё хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон акнун муваззаф шудаанд, ки дар бораи дороиҳояшон ба монанди гову асп ва парранда ба мақомот гузориш диҳанд.

Қаблан қонунҳои Тоҷикистон аз мансабдорон танҳо эъломия дар бораи хонаву замин ва авроқи гаронбаҳо (саҳмияҳо)-ро талаб мекард. Теъдоди мансабдорон дар Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор нафар аст.

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади осон кардани пешниҳоди эъломияҳо, чанде пеш барномаи махсуси компютериеро таҳия ва ба кор даровардаанд, ки он имкон медиҳад эъломияҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд.

"Дар сомонаи расмии идора гӯшаи "Кабинети шахсии андозсупоранда" мавҷуд аст, ки барои шахсони мансабдори Тоҷикистон тартиби пешниҳоди эъломияҳоро оид ба даромадҳо осон мекунад",-омадааст дар хабарномаи расмӣ.

Дар хабари расмӣ ба мансабдорон ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати пешниҳод накарданд ё нодуруст додани маълумот дар бораи дороиҳо, аз мақом барканор мешаванд. Агарчӣ тартиби пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб амал мекунад, аммо ин маълумотҳо боре оммавӣ нашудааст.

Ифшо нашудани маълумот дар бораи амволи мансабдорон ба гуфтаи мақомот аз як сӯ хоҳиши худи онҳост ва аз тарафи дигар, ба қавли раиси Оҷонси хидмати давлатӣ, ҷомеаи Тоҷикистон барои қабули он омода нест.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол ходимони давлатӣ аз ифшои дороиҳои худ, ки зоҳиран кам нест ва сарчашмаашро фош кардан намехоҳанд, ҳарос доранд. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои пешрафта маълумот дар бораи дороиҳои мансабдорон озод аст.

Пинҳон мондани маълумот дар бораи дороиҳои мансабдорон ҳамеша дар ҷомеаи Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён овардааст. Бисёриҳои ба ин суол мехоҳанд посух гиранд, ки чаро маълумот дар бораи дороиҳои мансабдорон дар Тоҷикистон бояд аз ҷомеа пинҳон карда шавад?

Даъвои додситонии ҳарбии Қирғизистон зидди ТВ "Апрел" рад шуд

Додгоҳи шаҳри Бишкек даъвои додситонии ҳарбии Қирғизистонро зидди телевизиони "Апрел" қонеъ накард. Тавре сомонаи "Апрел" хабар додааст, телевизион ҳаққи пахши барномаҳояшро дубора пайдо кард.

Додгоҳи ҳарбии Қирғизистон аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Октябри Бишкек аз моҳи декабри соли 2020 дар бораи ширкати "Технологияҳои рақамӣ" ва телевизиони "Апрел" шикоят карда буд. Додгоҳи Октябр иҷозат дода буд, ки барномаҳои телевизион дубора пахш шаванд.

Ширкати хусусии пахши телевизионии "Технологияҳои рақамӣ" моҳи ноябри соли 2020 ба "Апрел" иҷозат дода, ки бо вуҷуди ҳабси дороиҳояш барномаҳои худро дубора пахш кунад. Додситонии ҳарбӣ зидди ин қарор баромада, ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон моҳи августи соли 2019 дороиҳои ширкати "Медиа-Форум" ва ТВ "Апрел"-ро ҳабс кард. Расонаҳо ва коршиносон он замон ин амали вазоратро фишор ба озодии бён номида буданд. Дертар ба телевизион ба далели ҳабс шудани дороиҳояш иҷозат надоданд, ки барномаҳояшро пахш кунад.

Вокуниши мақомоти Узбекистон ба таҳқиқоти "Бӯстонсарои махфии Мирзиёев"

Ширкати давлатии роҳи оҳани Узбекистон, ки номаш дар таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ бо номи "Бӯстонсарои махфии кӯҳистонии Шавкат Мирзиёев" зикр шуда буд, тамоми маълумоти матлабро "дуруғ ва беасос" номид.

Ин таҳқиқот 23 феврал нашр шуда, дар бораи бӯстонсарои бошукуҳе қисса мекунад, ки дар минтақаи ҳифозатшудаи захирагоҳи Угом-Чоткол, дар 100-километрии Тошканд бунёд ва роҳи он барои рафтуомади мардум баста шуда, нерӯҳои амниятӣ чанд километр дуртар аз маҳал бо ҳалқае амниятӣ гирди онро печондаанд.

Ширкати роҳи оҳани Узбекистон 24 феврал бо нашри изҳороте гуфтааст, дарае Шоввозсой, ки гуфта мешавад, "бӯстонсарои Мирзиёев" онҷо бунёд шудааст, соли 2010 барои "ҳифзи экосистемаи мавҷуд ба ин ширкат дода шудааст.

Дар изҳорот омадааст, ки ширкат дар давоми 10 соли ахир барои рушди зербиноӣ ва иншооти истироҳатӣ дар минтақа 495 миллиард сӯм (43 миллион доллар)-и пули ғайрибуҷавиро харҷ кардааст. Ба иттилои ширкат, дар ин минтақа ва истироҳатгоҳҳои дигари он 90 ҳазор нафар кор мекунанд.

Вале дар изҳорот ба як қатор суолҳо посух дода нашудааст. Аз ҷумла гуфта нашудааст, ки чаро вуруд ба ин минтақаи истироҳатӣ манъ аст.

Ҳамчунин дар рафти таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар наздикии осоишгоҳ обанбори наве сохта шудааст. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, бунёди ин обанбор низоми обёриро ба ҳам зада, бархе аз онҳо маҷбур шудаанд, ба ҷои дигар кӯчанд.

Масъули бунёди обанбор ширкати наздик ба ҳукумати Узбекистон аст ва обанбори Сардобаи ин кишварро, ки дар натиҷаи рахнашавии саддаш ҳазорҳо одам бехона монданд, маҳз ҳамин ширкат бунёд карда буд.

Кормандони зиндонҳои Сибир аз рӯи иттиҳоми шиканҷа таҳқиқ мешаванд

Ошӯб дар зиндони рақами 15-и шаҳри Ангарски вилояти Иркутск. Апрели соли 2020

Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия гуфт, ки алайҳи чанд корманди зиндоне дар Сибир дар заминаи шикоятҳо аз шиканҷаи зиндониҳо санҷиш шурӯъ шудааст. Ин хадамот рӯзи 25 феврал гуфт, инчунин 10 зиндониро, ки гӯё даст ба шиканҷаи Тоҳирҷон Боқиев задаанд, мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Як дигар аз масъалае, ки санҷида мешавад, заминаҳои бадбинии қавмӣ доштани ин шиканҷаҳо мебошад. Созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониҳо бо номи Gulagu.net моҳи декабр ва баъди ин, моҳи феврал дар бораи ду ҳолати дигари шиканҷаи маҳбусон дар Иркутск гузориш дод. Ин гурӯҳ гуфт, ки як зиндонӣ бо номи Кежик Ондар дар муассисаи ислоҳии рақами 1-и Иркутск таҷовуз шуд ва дар паи ин, чандин ҷароҳат бардошта ҳоло маъюб шудааст. Зиндонии дуюм бо номи Боқиев аввал латукӯб ва китоби Қуръон дар пеши чашмаш таҳқир ва худи ӯ ҳам таҷовуз шуд. Баъди ин зиндониро ду рӯз зери кати утоқи зиндон нигоҳ доштанд ва маъмурияти зиндон нагузошт, ки ӯ бо ҳамсараш дар ин бора гап занад ва беш аз як моҳ нагузоштанд, ки бо наздиконаш телефонӣ сӯҳбат кунад.

22 феврал Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия гуфт, ки тафтишоти пешакӣ дар зиндонҳои рақами 1 ва 6-и шаҳри Иркутск ба роҳ монда шудааст. Василий Осечник, муассиси вебсайти Gulagu.net 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бархе зиндониҳо иқрор шудаанд, ки латукӯб ва шиканҷаи дигар маҳбусонро бо фармони кормандони зиндон анҷом медиҳанд. Боқиев ва Ондар пеш аз ин дар зиндони рақами 15-и шаҳри Ангарски вилояти Иркутск нигаҳдорӣ мешуданд ва баъди як шӯриши зиндониҳо моҳи апрели порсол онҳоро ба муассисаҳои дигари ислоҳӣ интиқол доданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки бархе зиндониҳо нақл кардаанд, ки онҳоро маъмурияти зиндон ба шиканҷаи дигар зиндониҳо маҷбур мекунад, то ки онҳо иқрор шаванд, ки дар ошӯб иштирок кардаанд.

Босния як мардро барои ҷангидан дар сафи ДОИШ ба ҳабс маҳкум кард

Ясмин Кесерович

Додгоҳи Босния як марди мусалмони маҳаллиро барои ҷангидан дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Боснияву Ҳерсоговина инчунин Ясмин Кесеровичро дар мурофиаи ҷудогона барои таҳдид ба куштор тавассути интернет дар соли 2016 гунаҳгор донист. Додгоҳ дар ҳукми 25-уми феврали худ гуфт, ки даъвати ошкор ба мусалмонон барои куштори сарбозони масеҳӣ ва афроди мулкӣ ҳамчун далели ин иттиҳом арзёбӣ шудааст. Додрасҳо иддаои тими дифоии Кесеровичро рад карданд, ки ӯ гӯё дар Сурия барои кӯмак ба мардуми маҳаллии ҷангзада қарор дошт. Вакилони Кесерович гуфтанд, ки аз болои ин ҳукм шикоят мекунанд.

Кесерович яке аз ҳафт марди босниягӣ буд, ки декабри соли 2019 ҳамроҳ бо 18 зан ва кӯдак савори ҳавопаймои низомии амрикоиҳо аз Сурия ба Босния интиқол дода шуд. Босния аввал шуда дар миёни кишварҳои аврупоӣ дар соли 2014 барои ширкати шаҳрвандонаш дар ҷангҳои хориҷӣ муҷозот ҷорӣ кард. 42 ҷангие, ки баъди ин ба ватан баргаштанд, бо иттиҳоми ширкат дар сафи ДОИШ ба зиндон маҳкум шуданд.

Пашинян дар ҳалқаи тарафдоронаш кишварро ба оромӣ даъват кард

25-уми феврал, майдони Республика, Ереван

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян аз сарбозон хост, ки «кори худро иҷро» ва кишварро, ба гуфтааш, аз «талоши кудатои низомӣ” дифоъ кунанд. Пашинян, ки рӯзи 25 феврал дар баробари тахминан 20 ҳазор тарафдораш дар майдони Республикаи шаҳри Ереван ҳозир шуд, хитоб ба мардум гуфт, ки намегузорад низомиҳо ҷилави қудратро ба даст бигиранд.

Пашинян дар ҳалқаи сахти амниятӣ сӯҳбат мекард ва бори дигар талаби Ситоди кулли артиши Арманистонро дар бораи истеъфои ӯву ҳукумат рад намуд. Дар номае, ки ин ситод ба Пашинян ирсол кард, эътирози мақомоти низомӣ аз тасмим нахуствазир барои аз мақом барканор кардани муовини раиси ситоди кулл баён шудааст.

Имзои созиши сулҳи Қаробоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон ноябри соли 2020, ки ба ҷанги шашҳафтаинаи Еревану Боку нуқта гузошт, ҳукумати Пашинянро бо як бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ кард. Пеш аз он, ки бо баландгӯяк ба тарафдоронаш муроҷиат кунад, Пашинян раиси ситоди кулли артиш Оник Гаспарянро ҳам ба истеъфо фиристод. Пашинян гуфт: “Вазъ пуртаниш аст”. Президент Армен Саркисян, ки мақомаш бештар хусусият рамзӣ дорад, гуфт, ки дар талоши тадбирҳои сареъ аст, то ки нагузорад вазъ ба хушунат печад ва аз ҳама ҷонибҳо даъват кард, ки аз хештандорӣ кор гиранд.

Пашинян баъди имзои созиши сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ мавриди интиқоди шадид дар дохили кишвар шуд. Созиши оташбас бо миёнҷигии Русия имзо шуда, ба ҷанги 44-рӯза дар минтақаи ҷудоиталаби Озарбойҷон хотима гузошт. Ин ҷанг бо бартарии низомии Озарбойҷон анҷомид, ки аз ҷониби Туркия пуштибонӣ дидааст. Пашинян назорат бар қаламравҳои баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳам ҳафт ноҳияи атрофи онро, ки баъди ҷанги аввали соли 1990 зери назари Арманистон буданд, аз даст дод. Ин чиз мояи норизоияти шадиди мардум ва мухолифон дар Арманистон шуд.

Русия ва Туркия аввал шуда ба вазъият дар Арманистон вокуниш карданд.

Кремлин, ки як муттафиқи деринаи Арманистон мебошад, гуфт, ки аз таҳаввулоти босуръат тағйирёбанда дар Ереван нигарон аст ва ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват кард. Бо ин вуҷуд, ки Туркияву Арманистон таърихан бо ҳам равобити мушкил доранд, Анкара гуфт, ки аз ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобшудаи Пашинян ҳимоят мекунад.Мавлуд Човушоғлу, вазири хориҷаи Туркия он чиро, ки “талоши кудато” дар кишвари ҳамсояи Арманистон номид, “ба шиддат маҳкум кард”.

Дар номае ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Арманистон истеъфои нахуствазир ва ҳукуматро талаб кард ва гуфт, ки тасмими қаблии нахуствазир барои барканории муовини раиси ситоди кулл “як хато буд”. Дар номаи низомиён омадааст, ки “нахуствазир ва ҳукумат дигар дар чунин як вазъияти ҷиддӣ барои мардуми Арманистон ба қабули қарорҳои муносиб қодир нестанд”. Маълум нест, ки то куҷо нирӯҳои мусаллаҳ хостори истифодаи силоҳ ва зӯр мебошанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, “мо таҳаввулоти Арманистонро бо нигаронӣ пайгирӣ мекунем”. Ӯ гуфт, “мо ҳамаро ба оромӣ даъват мекунем”.

20-уми феврал ҳазорҳо эътирозгарон дар Ереван, пойтахти Арманистон раҳпаймоӣ карда шиорҳои мисли “Арманистон бидуни Никол!” ва “Никол – хоин”-ро ба забон оварданд. Пашинян истеъфои пеш аз мӯҳлат аз мақомашро рад карда, вале ишора кардааст, ки имкони баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ вуҷуд дорад.

Наталя Водянова сафири ҳусни нияти СММ шуд

Наталя Водянова дар як маросиме дар Маскав. Акс аз соли 2019

Модели рус Наталя Водянова сафири ҳусни нияти СММ таъин шуд ва дар ин мақом ӯ ният дорад барои сиҳҳатии занон ва аз байн бурдани стигма ё қолабҳои шахшуда дар заминаи ҳуқуқи зан талош варзад. Водянова 38 сол дошта, дар як паёми видеоиаш 24 феврал гуфт, барои мубориза бо бовару андешаҳои иштибоҳӣ дар бораи саломатии зан ва вижагиҳои табиати занона мубориза хоҳад бурд. Водянова 20 сол инҷониб ба ҳайси модел кор мекунад, хонааш дар Париж аст ва ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон сафарҳо анҷом медиҳад. Ӯ симои ширкатҳои маъруфи тарроҳии мисли Calvin Klein, Louis Vuitton ва Stella McCartney мебошад. Ӯро модари танҳо ба воя расонидааст ва хоҳараш аз кӯдакӣ бемории фалаҷ ва аутизм ё дархудмондагӣ дорад. Наталя Водянова тавассути бунёдаш бо номи “Дилҳои боз” ба кӯдакони бемору ниёзманд кӯмакҳо мекунад ва ҳам як узви шӯрои мудирони бозиҳои олимпӣ барои маъюбон мебошад.

Пашинян, ки низомиёнро дар талоши кудато айбдор кард, ба майдони марказӣ мебарояд

25 феврал, тарафдорони мухолифони ҳукумати Арманистон дар майдони марказии Ереван ҷамъ мешаванд

Дар посух ба талаби низомиён дар бораи истеъфои нахуствазири Арманистон рӯзи 25 феврал Никол Пашинян ҳамроҳ бо садҳо тарафдоронаш ба маркази шаҳри Ереван баромад. Имзои созиши сулҳи Қаробоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон ноябри соли 2020, ки ба ҷанги шашҳафтаинаи Еревану Боку нуқта гузошт, ҳукумати Пашинянро бо як бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ кард. Кремлин, ки як муттафиқи деринаи Арманистон мебошад, гуфт, ки аз таҳаввулоти босуръат тағйирёбанда дар Ереван нигарон аст ва ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват кард. Пашинян номаи низомиёнро “талоши кудатои низомӣ” номида ва эълон кард, ки Оник Гаспарян, раҳбари ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳро ба истеъфо фиристод. Пашинян дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт: “Ман соати 4 ба вақти маҳаллӣ аз майдони Республика гап мезанам, дар майдон ҷамъ шавед”. Дар номае ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Арманистон истеъфои нахуствазир ва ҳукуматро талаб кард ва гуфт, ки тасмими қаблии нахуствазир барои барканории муовини раиси ситоди кулл “як хато буд”. Дар номаи низомиён омадааст, ки “нахуствазир ва ҳукумат дигар дар чунин як вазъияти ҷиддӣ барои мардуми Арманистон ба қабули қарорҳои муносиб қодир нестанд”. Маълум нест, ки то куҷо нирӯҳои мусаллаҳ хостори истифодаи силоҳ ва зӯр мебошанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, “мо таҳаввулоти Арманистонро бо нигаронӣ пайгирӣ мекунем”. Ӯ гуфт, “мо ҳамаро ба оромӣ даъват мекунем”.

Пашинян баъди имзои созиши сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ мавриди интиқоди шадид дар дохили кишвар шуд. Созиши оташбас бо миёнҷигии Русия имзо шуда, ба ҷанги 44-рӯза дар минтақаи ҷудоиталаби Озарбойҷон хотима гузошт. Ин ҷанг бо бартарии низомии Озарбойҷон анҷомид, ки аз ҷониби Туркия пуштибонӣ дидааст. Пашинян назорат бар қаламравҳои баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳам ҳафт ноҳияи атрофи онро, ки баъди ҷанги аввали соли 1990 зери назари Арманистон буданд, аз даст дод. Ин чиз мояи норизоияти шадиди мардум ва мухолифон дар Арманистон шуд.

20-уми феврал ҳазорҳо эътирозгарон дар Ереван, пойтахти Арманистон раҳпаймоӣ карда шиорҳои мисли “Арманистон бидуни Никол!” ва “Никол – хоин”-ро ба забон оварданд. Пашинян истеъфои пеш аз мӯҳлат аз мақомашро рад карда, вале ишора кардааст, ки имкони баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ вуҷуд дорад.

Базуди воксинаи ширкати Johnson & Johnson иҷозаи истифода мегирад

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки базудӣ воксинаи якдафъаинаи зидди COVID-19, ки ширкати Johnson & Johnson сохтааст, барои истифода иҷоза мегирад. Ин хабар дар ҳолест, ки фоидаи тӯлонитари воксинаи сохтаи ширкатҳои муштараки Pfizer/BioNTech тасдиқ шудааст. Масъулони Идораи ғизову дорувори ИМА гуфтанд, амн будани воксинаи сохтаи Johnson & Johnson то 85 дар сади фоидаовар будани худро собит кард. Қарор аст мушовирони мустақил ҳам дар ин бора назар диҳанд ва баъди ин идораи ғизову доруворӣ бояд қарори истифодаи изтирории воксинаро содир кунад. Воксинаи мазкур як дафъа истифода шуда, метавонад дар яхдони маъмулӣ нигаҳдорӣ шавад.

Мутахассисони тиб аз натиҷаҳои санҷишҳои воксинаи сохтаи Pfizer/BioNTech ҳам рӯҳбаланд мешаванд. Як таҳқиқоти Бритониё нишон дод, ки муассирияти ин воксинаро санҷишдо дар беш аз ним миллион нафар собит кард.

Пашинян талаби истеъфоро "талоши сарнагунии низомии қудрат" номид

23 феврал, Ереван

Нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон аз Никол Пашинян ва ҳукуматаш тақозо карданд, ки ба истеъфо равад, дар посух нахуствазир ин талабро талоши сарнагунии низомии қудрат номид. Самвел Асатрян, раиси бахши иттилоот дар раёсати ситоди кулли артиши Арманистон рӯзи 25 феврал гуфт, даъват ҳамчун эътирози қотеъ зидди аз кор озод кардани муовини аввали раиси ситоди муштарак садо дод. Дар изҳороти низомиён омадааст, ки ин қарор бидуни назардошти манфиатҳои милливу давлатии Арманистон гирифта шуда, “дар шароите, ки кишвар қарор дорад, як тасмими зиддидавлатӣ ва бемасъулиятона мебошад”. Асатрян гуфт, ки нахуствазир ва ҳукумати Арманистон дигар наметавонанд “тасмимҳои муносиб бигиранд”. Дар посух Пашинян аз тарафдорони худ хост, ки 25 феврал дар майдони марказии Ереван таҷаммӯъ кунанд. Ӯ дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, “изҳороти ситоди куллро талоши аз роҳи низомӣ сарнагун кардани қудрат арзёбӣ мекунам. Ман ҳамаи тарафдоронро даъват мекунам, ки ҳамин ҳоло ба майдони Республика биёянд. Ман базудӣ дар пахши зинда ҳозир мешавам”.

Баъди моҳи ноябри порсол бо миёнҷигии Русия имзо кардани созиши сулҳ бо Озарбойҷон дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ, Никол Пашинян дар дохили Арманистон таҳти танқиду фишор қарор гирифт.

 Уилям Бӯрнс Чинро "имтиҳони калонтарини геополитикӣ" хонд

Уилям Бӯрнс, номзади президенти ИМА ба мақоми раиси истихборот

Номзади Ҷо Байден ба мақоми раҳбари Оҷонсии марказии иттилооти ИМА дар мулоқот бо қонунгузорон рӯзи 24 феврал гуфт, Чин барои ИМА “имтиҳони калонтарини геополитикӣ” аст, вале Русия як таҳдиди “ошно” боқӣ мемонад. Уилям Бӯрнс, собиқ сафири ИМА дар Русия ва Чин дар ҷаласаи тасдиқи номзадиаш дар ин вазифа дар назди Кумитаи иттилооти Сенат суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки Чин тавонмандии худро барои дуздии иттилои марбут ба сарвати зеҳнӣ, саркӯби мардум ва эҷоди нуфуз болои ИМА тақвият медиҳад. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мисли тағйирот иқлим ва боздории тавсеаи силоҳҳои ҳастаӣ имконият фароҳам шуда метавонад.

Бӯрнс гуфт, ки Русия як таҳдиди харобкору эҳтимолӣ боқӣ мемонад ва афзуд, то замоне, ки Владимир Путин дар сари қудрат мемонад, “фаъолияти мо дар як хати хеле маҳдуд” пеш хоҳад рафт. Бовар меравад, ки Бӯрнси 64-сола бидуни мушкил дар мақомаш тасдиқ мешавад.

Байден роҳи соҳибони Green Card ба Амрикоро дубора боз кард

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.

Президенти ИМА Ҷо Байден фармони раисҷумҳури пешини Амрико Доналд Трампро бекор кард, ки вуруди бисёре аз соҳибони Green Card (Грин корт ё корти сабз)-ро ба он кишвар манъ мекард.

Трамп соли гузашта сафари баъзе аз гуруҳҳои шаҳрвандони хориҷиро ба ИМА бо мақсади ҳифзи ҷойҳои корӣ барои амрикоиҳо дар давраи пандемияи коронавирус то поёни соли 2020 манъ карда, дар рӯзҳои охири президентияш ин маҳдудиятро то охири моҳи марти имсол тамдид намуд.

Дар натиҷаи ин фармони Трамп ҳазорҳо соҳиби Green Card натавонистанд ба Амрико сафар кунанд.

Вале Байден 24-уми феврал ин қарорро бекор карда, гуфт, "маҳрум сохтани муҳоҷирони қонунӣ аз ҳаққи вуруд ба Амрико хилофи манфиатҳои ИМА аст". Ӯ иддаои Трампро дар бораи он, ки муҳоҷирон ба бозори меҳнати ин кишвар хатар доранд, рад кард.

Иёлоти Муттаҳида соле барои 50 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад. Бештари довталабони “Грин корт” аз Тоҷикистон ҷавонон ҳастанд. Ҳар сол аз ин кишвар ҳудуди 700 нафар лотереяи муҳоҷират ва иқомат дар Амрикоро ба даст меоранд.​

Дар Узбекистон мардеро бо айби фурӯши кӯмакҳои башардӯстона зиндонӣ карданд

Хонаҳои зиёде дар пайи рахна шудани обанбори Сарбода вайрон шуданд.

Марде дар Узбекистон бо айби фурӯши кӯмакҳои ғизоие, ки барои офатзадаҳои рахнаи обанбори Сарбода ҷудо шуда буд, 3,5 сол зиндонӣ гардид.

Ба иттилои расонаҳо, марди маҳкумшуда дар қатори эҳсонкорон ё волонтёрон шомил шуда, ба сокинони минтақаҳои зериобмондаи ноҳияи Сардоба кӯмак расонидааст.

Вай нахуст худро ноиби раиси бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дарноҳияи Сардоба муаррифӣ карда, дар ҳаҷми 14,6 ҳазор доллар кӯмакҳои башардӯстонаро гӯё барои тақсим аз маҷмуи кӯмакҳо гирифта, аммо ба фурӯш баровардааст.

Ин мард дертар аз сӯи мақомоти Узбекистон боздошт ва нисбаташ бо моддаҳои қаллобиву омодасозӣ, тақаллуби ҳуҷҷат, муҳр ва дигар санадҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Обанбори Сардобаи Узбекистон субҳи 1 май рахна шуд. Дар натиҷа бештар аз 60 ҳазор одам ба минтақаҳои амн кӯч дода шуданд.

"Авеста": Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон 14 % афзуд

Захираҳои хусусии гази моеъ. Покистон

Хабаргузории "Авеста" менависад, ки тӯли 10 рӯзи ахир дар Тоҷикистон нархи гази моеъ тақрибан 14 фоийз зиёд шуда, аз 4 сомонӣ ба чоруним сомонӣ барои ҳар як литри ин маводи сӯхт расидааст. Бо вуҷуди болоравии нарх, дар кишвар камбуди гази моеъ мушоҳида намешавад. Ҳудуди 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз ҳамин маводи сӯхт истифода мебаранд.

Ҷаҳиши чашмраси нархи ин навъи сӯзишворӣ моҳи июли соли гузашта сабт шуда 65 дарсадро ташкил дод. Он замон арзиши гази моеъ аз 2,5 сомонӣ то 4 сомонӣ барои як литр боло рафта буд. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли гузашта беш аз 420 ҳазор тонна гази моеъ ба кишвар ворид шудааст. Ба ҳисоби миёна, арзиши ҳар як тонна ба 422 доллар баробар будааст. Воридоти ин навъи сӯзишворӣ асосан аз Қазоқистон ва тавассути 15 ширкат сурат мегирад.

Олмон ҳузури нирӯҳояшро дар Афғонистон тамдид кард

Сарбозони олмонӣ дар як пойгоҳи низомии Афғонистон. Акс аз соли 2015

Ҳукумати Олмон лоиҳаи ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистонро то ибтидои соли оянда тамдид кард. Ҳамин тариқ нерӯҳои Олмон то 31-уми январи соли 2022 дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. 1100 афсару сарбозони олмонии мустақар дар Афғонистон дар чорчӯби нерӯҳои паймони НАТО ифои вазифа намуда, дуввумин воҳиди бузурги хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Беш аз Олмон танҳо Амрико аст, ки 2 ҳазору 500 афсару сарбозашро дар Афғонистон мустақар намудааст.

Ваколати кунунии сарбозони Олмон дар Афғонситон то охири моҳи марти соли ҷорӣ ба поён мерасад. Лоиҳаеро, ки ҳукумат рӯзи чоршанбе тасдиқ кард, палатаи поёнии парлумони Олмон баррасӣ хоҳад кард. ИМА тибқи созиш бо Толибон, ки моҳи феврали соли гузашта дар Қатар ба имзо расида буд, мебоист то 1-уми майи соли равон тарки Афғонистон мекарданд. Вале маъмурияти президент Ҷо Байден тарҳи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ба қавли вазири корҳои хориҷии Олмон беруншавии нерӯҳои байнлмилалӣ аз Афғонистон бояд ба пешрафт дар музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон ва Толибон марбут бошад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG