Аз рӯзи 23 октябр қимати бензин дар Узбакистон тақрибан 35 дарсад боло рафтааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд. Ба ин тартиб, 1 литр бензини навъи Аи-80 ба 43 сенти амрикоӣ, Аи-91 ба 46 сент, Аи-95 ба 51 сент расидааст. Аз ин ба баъд дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Узбакистон ин нархнома амал мекунад.
Ширкати миллии холдингии "Узбекнефтегаз" хабар додааст, ки нархномаи навро бо ҳадафи пешгирӣ аз боло бурдан ва фурӯши дубораи бензин ба роҳ мондааст. Ширкати мазкур гуфтааст, шаҳрвандон ба қабулгоҳи онлайнии иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон муроҷиат карда, аз норасоии бензин дар нуқтаҳои фурӯш, навбатпоии тӯлонӣ ва инчунин тафовути нархҳо дар Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбакистон шикоят кардаанд.
Муроҷиаткунандагон навиштаанд, ки бархе тоҷирон аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тошканд бензин харида, дар минтақаҳои дигар мефурӯшанд. "Бо ҳадафи пешгирӣ аз ин вазъият "Узбекнефтегаз" дар якҷоягӣ бо дигар вазорату ниҳодҳои дахлдор тасмим гирифтанд, ки дар сартосари Узбакистон нархномаи ягона ҷорӣ кунанд", - омадааст дар хабари ширкат.