Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Маҳмадалӣ Аҳмадов дар Самара шурӯъ шуд


Маҳмадалӣ Аҳмадов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон
Маҳмадалӣ Аҳмадов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон

Мурофиаи додгоҳии Маҳмадалӣ Аҳмадов, шаҳрванди Тоҷикистон ва се зодаи дигари Озарбойҷон дар робита ба қатли Андрей Гошт, муовини раҳбари ситоди раёсати корҳои дохилии вилояти Самара ва 5 узви хонаводаи ӯ оғоз шудааст. Мақомоти додгоҳ рӯзи 24 октябр гуфтанд, ки ин мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва парвандаи муттаҳамон аз рӯи моддаҳои роҳзанӣ, куштори беш аз ду нафар ва қасди куштори кӯдак баррасӣ мешавад.

Ҷасади полковник Гошт, падару модар ва се хешованди наздикаш ҳамроҳ бо ҷияни маҷрӯҳи ӯро субҳи 24 апрели имсол аз манзили падараш дар рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизрани вилояти Самара пайдо карданд. Тафтишот мегӯяд, маълум шудааст, ки ҳадафи ҳамла ба манзили Гошт ғорати пулу мол будааст ва ҳамлагарон барои куштани 5 узви ин хонавода аз бита ва дастаи бел истифода бурдаанд. Роман Фаталиев, Ислом Бобоев ва Орхан Зохрабов рӯзи 30 апрел дар Самара ва Маҳмадалӣ Аҳмадов рӯзи 4 май дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав баъди бозгашташ аз Душанбе дастгир шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки Аҳмадов ихтиёрӣ ба ин вазорат ҳозир шуда, гуфтааст, дар қатли аъзои хонаводаи Гошт даст надорад ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба Русия бармегардад. Аммо ду ҳафта баъд аз боздошти Аҳмадов, вазири корҳои дохилаи Русия Владимир Колоколтсев ба ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода барои кумак дар таҳқиқи парвандаи қатли Андрей Гошт медал супурд.

XS
SM
MD
LG