Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Рафтори Русия меъёрҳои байналмилалиро баҳам мезанад


Барак Обама, президенти Иёлоти Муттаҳида, дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Италия Маттео Рентси Русияро кишвари бузург ва муҳим номид, ки қудрати низомии он танҳо аз Амрико кам меояд. Ба гуфтаи Обама, Русия бояд дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ кумак кунад, на инки худаш мушкилсоз шавад.

Раҳбари Кохи Сафед гуфт, Амрико ҳеҷ гоҳ ба манофеи қонунии Русия дастдарозӣ накардааст, аммо таъкид кард, ки Амрико ва Италия аз ҳифзи таҳримҳо алайҳи Русия то иҷро шудани талабҳои созишномаи Минск пуштибонӣ мекунанд.

Обама, инчунин, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико Доналд Трампро ба чоплусӣ дар баробари Владимир Путин муттҳам кард.

XS
SM
MD
LG