Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будубоши қирғизҳо дар Қазоқистон осон шуд


Вазирони умури хориҷии Қазоқистон ва Қирғизистон.
Вазирони умури хориҷии Қазоқистон ва Қирғизистон.

Шаҳрвандони Қирғизистон бе қайди ҷои зист аз ин ба баъд метавонанд то 30 рӯз дар Қазоқистон ҳузур дошта бошанд. Дар ин бора дар сафари расмии вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Қазоқистон созишнома ҳосил шудааст.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар доираи сафари вазири қирғиз ба Қазоқистон миёни ин ду кишвар чанд созишнома, аз ҷумла созишнома дар бораи буду боши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар ба имзо расидааст. Тибқи ин созишнома акнун муҳлати буду боши бе қайди ҷои зисти қирғизистониҳо дар кишвари ҳамсояашон то 30 рӯз тамдид шудааст. Пештар ин муҳлат ҳамагӣ 5 рӯз буд.

XS
SM
MD
LG