Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров ба муҷозоти ҳамлагарони духтари Емеляненко даъват кард


Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, онҳое, ки дар латукӯби духтари Фёдор Емеляненко дар Маскав даст доранд, бояд шадидан муҷозот шаванд. Ӯ ин ҳамларо "воқеияти такондиҳанда" номид ва қавл дод, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳадди аксар ҳамкорӣ мекунад.

Авоили моҳи октябр дар Грозний сабқате баргузор шуд, ки дар он баробар бо калонсолон ҳамчунин кӯдакон, аз ҷумла се писари Рамазон Қодиров ҳам қувваозмоӣ карданд. Раиси Иттиҳодияи бозиҳои мухталифи якҳарба дар Русия Фёдор Емеляненко акси кӯдакони дар ҳоли сабқатро дар Инстагарм нашр ва ҷалб шудани кӯдакон ба ин гуна сабқатҳои хатарнокро танқид кард. Ӯ гуфт, ки аз рӯи қоидаи расмии ин навъи варзиш бозигарони зери синни 21 бояд бо кулоҳ ва болиштакҳои амниятӣ амниятӣ ва кӯдакони то 12-сола бо либоси махсус ба майдон бароянд.

Баъди нашри аксҳо дар Инстаграм Рамазон Қодиров Емелеяненкоро ба нақзи меъёрҳои ахлоқӣ муттаҳам кард. Ҳамла ба духтари Емеляненко 11 октябр сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG