Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия: Ҳамла ба Мосул рӯзҳои наздик сар мешавад


Хабаргузории давлатии Туркия "Анадолу" мегӯяд, ки агар ҳеҷ ҳодисаи фавқулоддае рух надиҳад, амалиёти низомии бозпас гирифтани Мосули Ироқ аз гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Ин хабар рӯзи 14 октябр бо такя ба манобеи ироқӣ ва ҳамчунин мақомоти расмӣ, ки дар гуфтугӯӣ байни Туркия ва Амрико ширкат доранд, нашр шуд.

Дар хабар гуфта мешавад, нерӯҳои "Мусалмонҳои Суннӣ", ки Туркия онҳоро дар кампи Башиқа, воқеъ дар шимоли Ироқ тамрин додааст, дар амалиёти барномарезишуда иштирок мекунанд.

12 октябр нашрияи The Wall Street Journal навишта буд, ки талаби Анкара барои иштироки суннимазҳабҳо дар ҳамлаҳо нерӯҳои бе ин ҳам шиканандаи артиши Ироқро пора мекунад. Ин нашрия гуфта буд, фишори Туркия талабҳои нави мусаллаҳони бонуфузи шиаро ба бар овардааст, ки ҳоло қарори қаблии худро дар масъалаи нақши маҳдуд дар ҷанг барои Мосул бознигарӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG