Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: Қирғизистон аз якпорчагии Гурҷистон пуштибонӣ мекунад


Қирғизистон аз тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ хоҳад кард. Ин нуктаро президент Алмосбек Отамбоев баъди мулоқот бо ҳамтои гурҷияш Георгий Маргвелашвили дар Тифлис баён дошта, ҳамчунин гуфтааст, ки тамоми масоил бояд бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шавад.

"Масъалае нест, ки ба воситаи гуфтугӯ ҳал нагардад. Мо дирӯз бо Георгий Маргвелашвили дар ин бора хеле суҳбат кардем. Бовар кунед, ман раҳбари кишваре ҳастам, ки солҳои 2005 ва 2010 ду инқилоби бузургро аз сар гузарондааст. Ҳамаи инро пушти сар кардем. Дар майдони мо ҳам қурбониҳо буд ва ҳам ғасби бинои ҳукумати вилоятҳо. Вале мо ба Вашингтон ё ба Москва занг назадем ва ҳама мушкилро худ ҳал кардем. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки тамоми нофаҳмиҳо бояд бо роҳи гуфтушуниду бе ҳамлаҳои низомӣ аз байн бурда шавад. Зеро ҳалли мушкилот бо роҳи низомӣ ба бунбаст мебарад", -- изҳор доштааст президенти Қирғизистон.

Ба гуфтаи Отамбоев, Қирғизистон ҳамеша ҷонибдори тамомияти арзии Гурҷистон аст, чун он принсипи бунёдии ҳар як кишвар мебошад. Ёдрас мешавем, ки Алмосбек Отамбоев дар доираи як сафари расмӣ дар Гурҷистон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG