Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯси ноболиғи эронӣ ба наздикӣ қатл мешавад


Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, арӯси ноболиғи эронӣ, ки иҷрои ҳукми эъдомаш бинобар ҳомиладорӣ ба таъхир афтода буд, рӯзҳои наздик ба қатл мерасад. Зайнаб Сикандванд 22 сол дорад ва бо ҷурми куштори ҳамсараш, ки ӯро моҳҳо латту кӯб мекардаст, ба эъдом маҳкум шуд.

Зайнаб дар ҳоле ба куштор айбдор шуд, ки 17 сол дошт ва ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ дар як додгоҳи зишту ноодилона мурофиа шуд. Созмони Афви байналмилалӣ, ки қазияи Сикандвандро "шадидан нороҳаткунанда" унвон кардааст, рӯзи 11 октябр гуфт, ин зан рӯзи 13 октябр, баъди он ки дар маҳбас бачаи мурда таваллуд кард, эъдом мешавад. "Зайнаб на танҳо дар вақти содир шудани ин куштор зери синни 18 буд, балки ба вакил дастрасӣ надошт ва мегӯяд, баъди боздошт аз ҷониби афсарони пулиси мард шиканҷа ва баданаш афгор шудааст", - гуфт Филип Лутер, намояндаи Афви байналмилалӣ дар бахши Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ.

Ин созмон ҳамчунин гуфтааст, ки Сикандванд ҳамагӣ 15 сол дошт, ки бо марде бо номи Ҳусайн Сармадӣ издивоҷ кард ва баъдан дар маҳбас дубора шавҳар кард.

XS
SM
MD
LG