Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз коҳиши истеҳсоли нафт пуштибонӣ кард


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо пуштибонӣ аз қарори кишварҳои аслии истеҳсолкунандаи нафт (OPEC) барои таҳкими қимати ин маҳсулот гуфт, Маскав омодааст, истеҳсоли нафтро коҳиш диҳад ё комилан қатъ кунад. Путин рӯзи 10 октябр дар Конгресси ҷаҳонии энержӣ, дар Истанбул гуфт, кам кардани истеҳсол ягона роҳи нигаҳдории эътидол дар соҳаи энержӣ ва барқарор кардани тавозун дар бозори нафт аст.

"Русия омодааст ба чораҳои коҳиши истеҳсолот ҳамроҳ шавад", - гуфт Владимир Путин ва афзуд, паст рафтани қимати нафт, амиқтарин коҳишро дар сармоягузории ин соҳа ба бор овардааст.

Русия ва кишварҳои дигар, ки иқтисодашон бар пояи нафт баланд шудааст, аз коҳиши нархи ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ ранҷ мебаранд. Нархи нафт аз 100 доллар барои як бушка ба 50 доллар поин омада буд. Изҳороти Путин ба боло рафтани нархи нафт кумак кард ва рӯзи 10 октябр қимати як бушка нафти хом дар Ню-Йорк ба беш аз 51 доллар баробар шуд.

XS
SM
MD
LG