Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Сурия пойгоҳи доимӣ месозад


Русия тасмим дорад, ки дар бандари Тартуси Сурия пойгоҳи нерӯҳои дарёгардро ба таври доимӣ бунёд кунад. Дар ин бора ноиби вазири дифоъи Русия Николай Панков ба Шӯрои Федератсиюн гузориш додааст. Ӯ гуфтааст, ки ин санад дар садади тасдиқи байни идораҳои Русия қарор дорад.

Пештар аз ин Русия ва Сурия дар бораи истиқрори бемӯҳлати ҳавопаймоҳои Русия дар пойгоҳи Ҳмеймим, воқеъ дар вилояти Лозиқия созишнома имзо карданд. Ин қарордод дар Думаи давлатӣ тасвиб шуд ва ҳоло дар баррасии Шӯрои Фидератсия қарор дорад. Дар асл ҳавопаймоҳои Русия аз моҳи сентябри соли гузашта, аз замони ҳуҷуҳои ҳавоӣ ба мавқеи рақибони Башор Асад дар Сурия мустақар аст.

Ҳоло нуқтаи кӯмакҳои фаннӣ ба киштиҳои Русия дар бандари Тартус ҷойгир аст. Моҳи декабри соли гузашта президенти Русия Владимир Путин ба зарурати таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Сурия шубҳа дошт. "База ба мо чӣ даркор аст? Агар касе ба мо даркор бошад, бе ин ҳам меёбем", - гуфта буд он вақт Путин.

XS
SM
MD
LG