Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ: Амалиёти Русия дар Ҳалаб "ҷинояти ҷанг" аст


Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Амрико

Ҷон Керрӣ – вазири корҳои хориҷии Амрико – хост, амалиёти Русия дар Ҳалаби Сурия ҳамчун ҷинояти ҷанг таҳқиқ шавад. Ба иттилои ӯ, шаби ҷумъа дар пайи бомбандозиҳои навбатӣ болои бемористоне дар Ҳалаб 20 нафар ҷон бохта, 100 тани дигар захмӣ шуданд.

Ин яке аз изҳороти тунди Керрӣ аз замони даргириҳо дар Ҳалаб буд, ки рӯзи 7 октябр дар ҳузури вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Марк Айро садо дод. Феълан, дар Ҳалаб беш аз 250 000 нафар дар шароити ногувор қарор доранд.

"Русия ва режими ҳоким дар Сурия на фақат бояд ба ҷаҳон фаҳмонанд, ки чаро онҳо бомбборони бемористон ва муассисаҳои дигари тиббӣ, кӯдакон ва занонро идома медиҳанд. Ин амалиёт месазад, ки ҳамчун ҷинояти ҷанг таҳқиқ шавад. Касоне, ки масъули ин амалиётанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ин дигар тасодуф нест. Ин аз чаҳорчӯбаи тасодуф хориҷ аст", - изҳор доштааст Ҷон Керрӣ.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия ин изҳороти Ҷон Керриро "таблиғоти навбатӣ" номид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG