Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни тӯфони "Мэттю" аз ним ҳазор гузашт


Теъдоди қурбониёни бедодгарии тӯфони "Мэттю" дар Ҳаитӣ ба 750 нафар расид. Қаблан аз ҳалокати 350 нафар гузориш мешуд. Бинобар маълумоти ахир, шиддати тӯфон, ки аз рӯи ҷадвали иборат аз панҷдараҷаӣ ба чаҳор мерасид, баъди наздик шудан ба соҳилҳои Флорида як дараҷа поён рафт.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар аёлати Флорида ва Каролинаи Ҷанубӣ низоми фавқулодда эълон кард ва дастур дод, ки ба зарардидаҳо аз хазинаи федеролӣ кӯмак кунанд.

"Мэттю" дар даҳсолаҳои ахир аз тӯфонҳои шадидтарин дар уқёнуси Атлантик номбар мешавад. Аз ин офати табиӣ бештар Ҳаитӣ ва нимҷазираи Тибурон осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG