Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: дар риояи ҳуқуқи духтарони қирғиз пешравиҳо дида мешавад


Amnesty International, созмони ғайриҳукуматии байналмилалӣ аз тасвиби қонуни манъи никоҳи исломии ноболиғон дар Қирғизистон истиқбол кард. Ин созмон гуфтааст, ки дар масъалаи риояи ҳуқуқи духтарон дар Қирғизистон пешравиҳо дида мешавад.

Порлумони Қирғизистон 5 октябри соли равон лоиҳаи қонуни нави ин кишвар дар бораи ҳимояти духтарони ноболиғ аз хушунат ва издивоҷҳои бармаҳалро тасвиб кард. Ба назари созмон, дар таҳияи лоиҳаи мазкур фаъолони ҳаракати ҳимоят аз ҳуқуқи зан дар Қирғизистон саҳми бештар гузоштаанд.

Ин тарҳ баъди имзои президент эътибори қонунӣ ёфта, барои иштирок дар ташкили издивоҷ ва никоҳи исломии ҷуфтҳое, ки як ё ҳар ҳар ду ҷониб ҳанӯз ба синни 18 нарасидаанд, то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Бар пояи ин қонун, дар ҳолатҳои мазкур рӯҳонӣ ва падару модари арӯсу домод низ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Amnesty International мегӯяд, издивоҷҳои зуди ноболиғон яке аз мушкилиҳои ҷиддии Қирғизистон аст. Бар пояи омор, дар Қирғизистон 15 дарсади духтарон то синни 18-солагӣ шавҳар мекунанд. 1 дарсади дигар то 15-солагӣ ба шавҳар дода мешаванд. Миёни 35 кишвари Авруосиё Қирғизистон аз рӯи никоҳҳои бановақт мақоми панҷумро ишғол мекунад.

XS
SM
MD
LG