Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар гуноҳи маро ёфтед, дар мазҳари ом ҷазо диҳед" ВИДЕО


Азимҷон Аскаров
Азимҷон Аскаров

Додгоҳи Қирғизистон бозбинии парвандаи рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаровро аз сар гирифт. Аскарови 65-сола дар соли 2010 ба ташкили нооромиҳои дастҷамъӣ миёни узбактаборон ва қирғизҳои ҷануби Қирғизистон, ки боис ба марги як афсари пулис шуд, айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Агар ҷурми маро собит кардед, талаб мекунам, ки маро дар мазҳари ом ҷазо диҳед.
Азимҷон Аскаров

Ин ҳукм равобити Вашингтону Бишкекро сард кард ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ танқид шуд. Дар ҷавоб Қирғизистон дар моҳи июли соли равон бозбинии парвандаи Азимовро шурӯъ кард ва Додгоҳи олии ин кишвар дастур дод, ки муфаттишон шаҳодатҳои нав дар қазияи Азимовро таҳқиқ кунанд.

Рӯзи 4 октябр дар додгоҳи минтақаи Чӯйи Қирғизистон Азимҷон Аскаров изҳор намуд, ки комилан бегуноҳ аст: "Агар ҷурми маро собит кардед, ман талаб мекунам, ки маро дар мазҳари ом ҷазо диҳед. Бо худо қасам мехӯрам, бо Қуръон қасам мехӯрам, бо фарзандонам қасам мехӯрам, ки ман ҳеҷ гуноҳе надорам."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Аскаров: "Агар гуноҳи маро ёфтед, дар мазҳари ом ҷазо диҳед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Аскаров ва ҳаводоронаш таъкид мекунанд, ки номбурда ба истилоҳ "маҳбуси виҷдон" аст. Дар муҳокима ҳамсари афсари ба қатлрасидаи пулис низ ҳузур дошт ва ӯ аз додгоҳ тақозо кард, ки ҳукми абади Аскаровро тағйир надиҳад.

Дар моҳи апрел Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал иброз дошт, ки аснои боздошт, таҳқиқи парванда ва муҷозоти Азимҷон Аскаров Қирғизистон меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалиашро поймол кардааст.

Чинора Бечелова, ҳамсари пулисе, ки дар ҷараёни даргириҳо миёни узбактаборону қирғизҳо дар соли 2010 кушта шудааст
Чинора Бечелова, ҳамсари пулисе, ки дар ҷараёни даргириҳо миёни узбактаборону қирғизҳо дар соли 2010 кушта шудааст

Бо сари қудрат омадани Алмосбек Отамбоев дар соли 2011 Қирғизистон, ки мизбони пойгоҳи низомии Русия мебошад, талош кард бо Маскав наздик шавад. Аммо дар охири соли гузашта Маскав гуфт, аз сармоягузории лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обу барқи Қирғизистон, ки ба тахминан 3 миллиард доллар мусовӣ мебошанд, даст мекашад.

XS
SM
MD
LG