Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди Узбакистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилҳояшон


Як ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии ноиб-аввали сарвазири ин кишвар Муҳаммадкалим Абдулғозиев бо даъвати ҷониби Узбакистон рӯзи 1 октбяр дар чорабиниҳои бахшида ба рушди ҳамкориҳоии ду кишвар, ки дар шаҳри Андиҷони Узбакистон доир шуд, ширкат кардааст. Дар доираи ин чорабинӣ ба ҳайати Қирғизистон мактаб, осорхона, Донишгоҳи давлатии Андиҷон, Хонаи дӯстӣ, бинои нави истгоҳи роҳи оҳан ва корхонаи автомобилро нишон додаанд.

Ҳайатҳои расмии ду ҷониб масоили мубрамро баррасӣ ва ёддошти беҳбуд бахшидан ба ҳамкориҳоро қабул кардаанд. Ҷониби Узбакистон гуфтааст, умедвор аст, ки бо гузашти вақт ҳамаи мушкилиҳои ду ҷониб ба сӯи мусбат ҳал хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG