Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти раиси ҷумҳури собиқи Исроил


Шимон Перес яке аз сиёсатмадорони маҳбуб дар дохил ва хориҷи Исроил буд.

Шимон Перес, раиси ҷумҳури собиқи Исроил, ки дар замонҳои сарнавиштсоз ин кишварро раҳбарӣ кардааст, бар асари хунрезии мағзӣ даргузашт.

Шимон Перес, нахуствазири собиқи Исроил ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, рӯзи 28-уми сентябр бар асари сактаи сахти мағзӣ даргузашт. Ӯ яке аз маҳбубтарин раҳбарон дар дохил ва хориҷи Исроил буд ва аз охирин афроде ба ҳисоб мерафт, ки дар таъсиси ин кишвар нақш доштанд.

Шимон Перес дар муддати 70-соли ҳаёти сиёсиаш дар мақомҳои зиёди раҳбарӣ дар Исроил кор кардааст ва ду дафъа нахуствазир ва ё як бор раиси ҷумҳур буд. Шимон Перес дар замонҳои сарнавиштсоз Исроилро раҳбарӣ кардааст, аз ҷумла дар замони соҳиб шудан ба силоҳҳои атомӣ дар соли 1950 ва ҳидояти кишвар барои музокирот бо Фаластиниён дар соли 1990.

Фаластин, “наздиктарин ҳамсояи Исроил аст ва метавонад, “наздиктарин дӯсти” Исроил шавад.

Баъди оғози музокироти сулҳ бо Фаластиниён дар соли 1993, соли 1994 ба Шимон Перес Ҷоизаи Сулҳи Нобелро доданд ва ӯ ин ҷоизаро бо нахуствазир Исҳоқ Рабин ва Ёсир Арафот, раҳбари фаластиниён тақсим кард. Ӯ дар он замон гуфта буд: “Ҳеҷ интихобе ба ҷуз сулҳ вуҷуд надорад. Ҷанг кардан маънӣ надорад. Террор паёме надорад, террор нон намепазад, ҳавои тоза барои нафас гирифтан намедиҳад. Терор гарон ва бефоида ва ҳеҷ чизе тавлид намекунад.”

Шимон Перес Ҷоизаи Сулҳи Нобелро бо Ёсир Арафат ва Исҳоқ Рабин тақсим кард.
Шимон Перес Ҷоизаи Сулҳи Нобелро бо Ёсир Арафат ва Исҳоқ Рабин тақсим кард.

Шимон Перес як замон гуфта буд, ки Фаластин, “наздиктарин ҳамсояи Исроил аст ва метавонад, “наздиктарин дӯсти” Исроил шавад. Табибон гуфтанд, ки Шимон Перес субҳи чаҳоршанбе дар шифохонае дар наздикии Тел Авив дар канори хешовандонаш даргузашт. Ӯро баъди гирифторӣ ба сактаи мағзӣ дар рӯзи 13-уми сентябр ба шифохона бурданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо изҳори таъзия Шимон Пересро “дӯсти наздик” номида ва аз хидматҳои ӯ барои Исроил ситоиш кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG