Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйи мувофиқи аксари сербҳои боснӣ дар раъйпурсӣ


Шиорҳои тарғиботии раъйпурсии умумӣ
Шиорҳои тарғиботии раъйпурсии умумӣ

Сербҳои боснӣ дар як раъйпурсии баҳсбарангез ба тарафдории таҷлили “рӯзи давлатдорӣ” овоз додаанд. Мақомоти воҳиди Сербҳои Бонсӣ дар Босния ва Ҳерзеговина гуфтанд, шумориши 70 дар сади орои раъйпурсии рӯзи 25-уми сентябр нишон дод, ки 99.8 дар сади мардум ба тарафдории таҷлили "рӯзи давлатдорӣ" дар рӯзи 9-уми январ овоз додаанд. Аз 56 то 60 дар сади мардум дар раъйпурсӣ ширкат кардаанд. Мирослав Додик, раиси ҷумҳури миллатгарои Ҷумҳурии Сербҳо дар Босния ва Ҳерзеговина аз раъйи мардум ситоиш кард. Раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Сербҳо баъди имзои созишномаи сулҳи Дейтон дар соли 1995 сабаби баҳсҳои шадиде байни сербҳои боснӣ ва босниҳои мусулмон шуд. Ду тараф дар замони фурӯпошии Югославия бо ҳам ҷангидаанд. Мунтақидон мегӯянд, раъйпурсӣ сабаби барангехтани танишҳои қавмӣ ва афзоиши эҳсосоти ҷудоиталабӣ дар байни сербҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG