Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши ҳукумати Афғонистон бо Гулбиддин Ҳикматёр


Ҳукумати Афғонистон бо Ҳизби Исломии ҷангсолори номӣ, Гулбуддин Ҳикматёр созишномаи сулҳ имзо кард. Созишномае, ки рӯзи 22 сентябр дар маросиме дар дафтари Шӯрои Олии Сулҳ дар Кобул ба имзо расид, баъди имзои раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва Гулбуддин Ҳикматёр татбиқ мешавад. Ба гуфтаи матбуоти Афғонистон созишнома афви Ҳикматёрро барои ҷиноятҳои гузашта ва озодии бархе аз маҳбусони Ҳизби Исломиро кафолат медиҳад. Ҳукумат ҳамчунин рози шудааст, ки барои лағви таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Гулбуддин Ҳикматёр талош кунад.

Гуфтушунид бо ин гурӯҳ моҳҳо ҳамроҳ бо баъзе нигарониҳо дар ҳукумат ҷараён дошт, ки тундравтарин ҷангиёни Афғонистон ба хона бамегарданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо нигаронӣ аз ин созиш ба иттиҳомоти тӯлонии нақзи ҳуқуқи башар ва баъзе ҷиноятҳои мудҳиши замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90, ки Ҳикматёр дар содир шудани онҳо масъулият дорад, ишора мекунанд.

Ҳизби Исломӣ ҳамчунин ҳамлаҳои маргбореро алайҳи Амрико ва нерӯҳои Афғонистон, баъди оғози амалиёти зидди террористӣ дар ин кишвар анҷом додааст. Кобул умедвор аст, ки Ҳикматёр Толибонро ба хатми шӯриш мутақоид месозад ва ба равандҳои сиёсӣ бармегардонад.

XS
SM
MD
LG