Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор нафар дар ҳуҷуми ҳавоӣ ба бемористон


Дар пайи ҳуҷуми ҳавоӣ ба як муассисаи тиббӣ дар Сурия дастикам чаҳор ходими он кушта шуданд. Дар ин бора созмони Иттиҳоди кӯмаки тиббӣ ва маҳви паёмади офати табиӣ хабар додааст. Ҳамлаи ҳавоии рӯзи 20 сентябр муассисаи тиббиро дар шаҳри Хан-Тумен, воқеъ дар ҷануби Ҳалаб, ки таҳти назорати шӯришгарон қарор дошт, нобуд кард.

Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия дар Бритониё мегӯяд, ки дар ин ҳамла 13 нафар, бо шумули чаҳор хоҳари шафқат ва нуҳ ҷангӣ аз Ҷабҳат Фатҳ ал-Шом кушта шуданд. Хан-Тумен каме дуртар аз макони ҳамлаи ҳавоӣ ба корвони мошинҳои ёрии башардӯстона ва анборҳо воқеъ аст, ки рӯзи 20 сентябр дар он наздик ба 20 нафар кушта шуд. Ин амал Созмони Милали Муттаҳидро маҷбур кард, ки амалиёти расонидани ёриҳоро қатъ кунад.

XS
SM
MD
LG