Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви байнулмилал Тоҷикистонро танқид кард


Созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International бо нашри як изҳорот вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро дар як соли охир ба боди танқид кашидааст. Ин созмон бо пахши гузорише ба муносибати як соли баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода ва баста шудани ҲНИТ, гуфтааст, “баъд аз як соли ҳабси 14 аъзои ҲНИТ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шадидан бад шуд”.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ҳамаи аъзои ҲНИТ дар «додгоҳи ғайриодилона» ба солҳои тулонӣ ҳабс шуданд ва даҳҳо нафари дигар танҳо ба иттиҳоми доштани иртибот бо ҲНИТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Муаллифони ин изҳорот навиштаанд, иттиҳоми аъзои ҲНИТ ба аъмоли Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ ва ҷонибдорони ӯ, ки дар кӯшиши табадуллоти низомӣ ва ғасби ҳукумат муттаҳам шудаанд, иртибот гирифт. Вале шарҳи расмии ин ҳодисаҳо мавриди арзёбии мустақилона ё бетарафона қарор нагирифтааст, мегӯяд Афви байнулмилал.

XS
SM
MD
LG