Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози гурӯҳе аз тарафдорони мухолифони Тоҷикистон


Касе ба вуруди эътирозгарон ба толори нишаст мамониат накард.
Касе ба вуруди эътирозгарон ба толори нишаст мамониат накард.

Гурӯҳе аз тарафдорони мухолифони давлати Тоҷикистон ва аз ҷумла аъзои фирории Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бо вуруд ба як ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз боздошт ва ба зиндон маҳкум кардани аъзои раёсати ҳизб эътироз карданд. Теъдоде аз аъзои ҳизб ва афроде, ки худро узви “Гурӯҳи 24” меноманд, рӯзи 19-уми сентябр дар пойтахти Лаҳистон дар шаҳри Варшава ҳамоиши эътирозие баргузор карданд ва гуфтанд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон зери по мешавад ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бояд ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд.

Сипас гурӯҳе аз ин афрод ба толори ҳамоиши солонаи мавсум ба “Абъоди инсонӣ” ворид шуданд, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор мекунад ва дар он ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони кишварҳои узв ширкат мекунанд. Эътирозгарони тоҷик, ки дар толор ҳузур доштанд, пироҳанҳое пӯшида буданд, ки дар ҳар яки он аксҳои алоҳидаи аъзои зиндонии раёсати ҳизби наҳзатро доштанд. Дар наворҳои пахшкардаи эътирозгарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки касе ба вуруди онҳо ба толор мухолифат накард ва суханронии ҳозирони нишаст низ қатъ нашуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи июни имсол 13 узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бо гуноҳи барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор донист ва ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кард. Танҳо яке аз онҳо Зарафо Раҳмонӣ ки ба ду соли зиндон маҳкум шуд, чанде пеш бар асоси қонуни афв озод шуд. Додситонӣ, мегӯяд аъзои раёсати ҳизб дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даст дорад, аъзои ҳизб мегӯянд, ки иттиҳомот беасосанд. Додгоҳи Тоҷикистон баъди ҳамин ошӯб дар моҳи сентябр Ҳизби наҳзатро ҳидоятгар ва дастандаркори ошӯб номид ва онро созмони ифротиву террористӣ эълон кард ва фаъолияташро мамнӯъ кард.

XS
SM
MD
LG