Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Ҷомеаи Амрико бо президенти зан роҳат нест


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Амрико ҳеҷ гоҳ занеро ба ҳайси президент интихоб накардааст, зеро ҷомеа бо интихоби зани нерӯманд роҳат нест, вагарна фосилаи байни ду номзад дар интихобот набояд ин қадар ба ҳам наздик бошад. Изҳори назари президент Обама дар як нишасти ҷалби сармоя барои Ҳизби Демократ пахш шуд, ки рӯзи 18-уми сентябр дар Ню Йорк баргузор гардид. Обама бидуни ном бурдани Доналд Трамп, номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико гуфт, ки "ин одам ба мақоми президентӣ арзанда нест." Аммо ба гуфтаи ӯ зовиягириҳои сиёсӣ дар ҷомеа фосилаи байни ду номзадро наздик кардааст. Назари Обама ба ин мавзӯъ дар ҳоле пахш шуд, ки бар тибқи назарсанҷиҳо дар сабқати интихоботӣ ду номзад дар фосилаи наздик аз якдигар қарор доранд.

XS
SM
MD
LG