Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди сахти Русия аз амалкарди Амрико дар Сурия


Давлати Русия гуфт, зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико ба мавқеи сарбозони Сурия амале “байни ғафлати ҷинояткорона ва ҳамдастии мустақим бо ҷанҷгӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ будааст.” Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 18-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳодиса натиҷаи “сарпечии сарсахтонаи” Амрико аз ҳамкорӣ бо Русия дар ҷанг ба зидди гурӯҳҳои Давлати исломӣ, Ҷабҳаи Фатҳи Шом ва “дигар гурӯҳҳои террористӣ” будааст. Вазорат аз Вашингтон хостааст, ҳодисаро ҳаматарафа таҳқиқ кунад, зеро он ба созиши оташбаси ҳосилшуда бо миёнҷигарии Русияву Амрико дар Сурия таҳдид мекунад. Вазорати дифои Русия гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико, 62 сарбози давлатии Сурия кушта шуданд. Артиши Амрико эътироф кард, ки ҳангоми ҳамла ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ нодониста ба мавқеи сарбозони Сурия зарба задааст. Ин ҳодиса сабаби ҷанҷоли Амрикову Русия дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал шуд.

XS
SM
MD
LG