Рӯзи 20 сентябр дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ хоҳад кард. Қаблан хабаргузории давлатии "Ховар" гуфта буд, ки дар иҷлосияи 71-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ мекунад. Аммо дертар ин хабар аз торнамои "Ховар" гирифта шуд. Як манбаи муътамад дар ҳукумати Тоҷикистон 15 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар нақшаи сафарҳои кории президенти Тоҷикистон дар моҳҳои сентябр ва октябри соли ҷорӣ иштирок дар ҷаласаи СММ дар назар нест." Дар иҷлосияи Маҷмаи кулл, қарор аст, раҳбарони аксар кишварҳои узви СММ, аз ҷумла Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, суханронӣ кунанд.