Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон парда аз рӯи киштии баландсуръат бардошт


Нерӯи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон аз бунёди киштие хабар дод, ки бо суръати баланд метавонад, бори як чархбол ва сад нафарро бардорад. Дар ин бора матбуоти Эрон рӯзи 13 сентябр хабар дод. Ин гузориш ба дунболи хабарҳо дар бораи афзоиши ҳодисаҳои бархӯрди наздики киштиҳои Эрон бо киштиҳои низомии Амрико пахш шуд. Соли равон киштиҳои Нерӯи посдорони инқилоби Эрон бештар аз 30 дафъа бо киштиҳои ҷангии Амрико дар Халиҷи Форс рӯ ба рӯ шудаанд.

Киштии нави Эрон 55 метр тӯл ва 14 метр бар дорад. Дар як тарафи киштӣ даъвати Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида - "Ба халиҷи хукҳо баргардед" - навишта шудааст, ки манзур ҳамлаи номуваффақи Хадамоти истихборотии Амрико ба Куба дар соли 1961 аст.

Дар маросими пардабардорӣ аз ин киштӣ Фармондеҳи нерӯҳои дарёгарди Эрон адмирал Алӣ Фадавӣ ҳузури Амрикоро дар Халиҷи Форс маҳкум кард ва гуфт, ин "бесуботӣ ва беқонунӣ"-ро эҷод мекунад. "Киштии босуръат ба қудрати боздорандагии Эрон изофа мешавад ва ба ҳисобҳои душман, махсусан, Амрико таъсир мегузорад", - гуфт адмирал Фадавӣ, аммо ишора накард, ки киштии нав мусаллаҳ аст, ё хайр. Ин киштиро ширкати бузурги Ҳотам ал-Анбиё дар Бушеҳр сохтааст.

XS
SM
MD
LG