Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон, дар пайи иваз кардани нахуствазир ба кабинети вазирон дигаргунӣ ворид кард. Бинобар хабарҳои расмӣ, вазири дифои Казоқистон Имонгалӣ Тошмагамбетов ба мақоми ноиби нахуствазир таъйин шуд ва ноиби ӯ Сакен Жасузаков вазири дифоъ шуд. Президент, инчунин, вазири адлия Берик Имашевро то мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот пойин овард ва Марат Бекетаев, ноиби раиси дастгоҳи президентро ба ҷойи ӯ нишонд. Духтари президент Дариға Назарбоева, ки дар кабинети собиқ мақоми ноиби нахуствазирро ишғол мекард, узви палати болоии порлумон ё сенати Қазоқистон шуд. Бо ин ҳам аксари вазирони куҳна ҷойҳои худро дар кабинети нав ҳифз карданд. Рӯзи 8 сентябр Нурсултон Назарбоев нахуствазир Карим Масимовро раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин кард ва рӯзи дигар муовини ӯ Бақитҷон Сағинтаевро нахуствазир таъйин кард.