Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Меркелро дар интихоботи маҳаллӣ чӣ интизор аст?


Ҳизби Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ба қабули натиҷаҳои манфӣ дар интихоботи рӯзи 4-уми сентябр омода мешавад. Интизор меравад ҳизбҳои мухолифи муҳоҷирон пас аз оне, ки Меркел марзҳоро ба рӯи муҳоҷирон боз кард, дар ин интихобот муваффақияти зиёд ба даст оранд. Беш аз аз 1 миллиону 33 ҳазор райдиҳандагон дар иёлоти серҷамъият ва фақири Олмон- Мекленбург-Померанияи ғарбӣ вакилони парлумони минтақавиро интихоб мекунанд.

Меркел дар оғоз ситоиш мешуд, аммо баъд аз оне, ки ташвишҳо дар мавриди ҳамоиши беш аз 1 миллион паноҳандае, ки ба ин кишвари дорои иқтисоди аз ҳама бузург дар Аврупо зиёд шуд, назари омма ба вай тағйир ёфт. Тасмими ӯ дар мавриди қабули паноҳандагон дар Олмон, интиқоди зиёд, ҳатто аз ҷониби муттафиқони собиқи ӯро ба бор овард. Интизор меравад ҳизби Алтернатива барои Олимон, ки маъракаи таблиғотиро алайҳи сиёсатҳои Меркел ҷиҳати қабули паноҳандагон пеш мебурд, дар интихобот раъйи зиёдро ба худ ихтисос диҳад.

XS
SM
MD
LG