Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия парвози мустақим бо Теҳронро азсар мегирад


Ширкати British Airways парвози мустақимро аз Лондон ба Теҳрон аз сар мегирад ва ин аз наздик шудани равобити Эрон бо бо давлатҳои ғарбӣ, аз замони татбиқи созишномаи ҳаставӣ бо қудратҳои ҷаҳон, аломат медиҳад. Қарор аст, аввалин ҳавопаймо аз Лондон, аз фурудгоҳи Хитроу шоми 1 сенябр парвоз мекунад ва субҳи рӯзи 2 сентябр ба Теҳрон мерасад. Парвозҳо ба Эрон моҳи октябри соли 2012, дар заминаи сард шудани равобити Теҳрон бо давлатҳои ғарбӣ қатъ шуданд. British Airways барнома дорад, ки дар як ҳафта шаш парвози дутарафаро ба роҳ монад. Парвозҳои бештар авохири соли 2016 барномарезӣ мешаванд. Ба думболи лағв шудани баъзе таҳримҳо алайҳи Теҳрон мақомоти Британия аз ширкатҳои кишвар даъват кардаанд, ки фурсатҳои сармоягузорӣ дар Эронро аз даст надиҳанд.

XS
SM
MD
LG