Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ Қирғизистонро пешвои демократии ОМ хонд


Қирғизистон имрӯз пешвои демократии Осиёи Марказӣ аст. Ин нуктаро Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА ҳангоми табрики мардуми қирғиз бо 25-солагии истиқлолияти давлатии кишварашон банё доштааст.

Ҷон Керрӣ ёдовар шудааст, ки ИМА яке аз кишварҳоест, ки 25 сол пеш нахустин шуда истиқлолияти Қирғизистонро эътироф кард ва тӯли ин солҳо муносибатҳояшро бар пояи дӯстию шарикии стратегӣ нигаҳ дошт.

"Дар ин муддат моро бо Қирғизистон пайвандҳои зиёди ногусастанӣ, аз ҷумла тарафдории демократия, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва боварӣ ба имкониятҳои сиёсию иқтисодӣ барои ҳама муттаҳид кард", - афзудааст котиби давлатии ИМА.

"Қирғизистони босуботу шукуфон метавонад барои кишварҳои дигари минтақа намуна бошад. Иёлоти Муттаҳида аз рушди иқтисодию демократиии ин кишвар ҷонибдорӣ ва кумакашро барои ҳимоят аз амнияту суботи минтақа тақдир мекунад. Ҳамчунин Вашингтон бесаброна рушди ҳамкориҳои худро бо Бишкек, ки ба нафъи мардуми ду кишваранд, интизор аст", - изҳор доштааст Ҷон Керрӣ.

XS
SM
MD
LG