Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои ҳукумати муваққат талаб доранд, ки Отамбоев узрхоҳӣ кунад


Аъзои ҳукумати муваққати Қирғизистон дар робита ба суханронии ахири президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев изҳорот нашр карданд. Изҳороти онҳо шаби 31-уми август дастрас шуд. Дар изҳорот омадааст, ки "зимни баргузории раъйпурсии соли 2010 барои тағйири сарқонуни он кишвар "ҳеҷ хилофкорие" сурат нагирифтааст. Мардум медонистанд, ки барои чӣ раъй медиҳанд".

Аъзои Ҳукумати муваққат мегӯянд, "аз ҳамлаҳои лафзии Отамбоев нисбат ба президенти пешини кишвар Роза Отунбоева, ки дар вақташ роҳро барои президентии Отамбоев ҳамвор кард, хашмгин шудаанд". Ба гуфтаи онҳо, Отунбоева тавонист, ки дар соли 2010 интихоботи шаффофи порлумонӣ ва дар соли 2011 интихоботи президентӣ баргузор кунад.

Аъзои ҳукумати муваққати Қирғизистон мегӯянд, аз шаъну шарафи Роза Отунбоева ҳимоят хоҳанд кард ва аз Отамбоев талаб доранд, ки дар мазҳари ом узрхоҳӣ кунад.

XS
SM
MD
LG