Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ташхиси мустақилонаи сӯхтори Маскавро талаб кард


Ҳукумати Қирғизистон талаб дорад, ки ҷониби Русия бо баргузории ташхиси техникии мустақил сабабҳои сӯхтор дар анбори як чопхонаро дар Маскав рӯшан кунад. Дар ин бора Гулмира Худойбердиева, ноиби нахуствазири ин кишвар дар як маросими ёдбуд дар Бишкек хабар дод. Ӯ гуфт, Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Қирғизистон бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев ҷузъиёти ин ҳодисаро баррасӣ карданд. Рӯзи 27-уми август дар анбори чопхонае дар Маскав сӯхтор сар зад дар пайи он 17 нафар, аз ҷумла 15 шаҳрванди Қирғизистон ва асосан духтарони ҷавон ҷон бохтанд. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи барқ дар ошёнаи аввали ин бино будааст. Ҳангоми сӯхтор дар ошёнаи аввал кормандон дар ошёнаи чоруми бино қарор доштаанд.

XS
SM
MD
LG